Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Маҳфили омӯзишии ”Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” дар қалъаи таърихӣ баргузор шуд

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 09-уми декабри соли 2025 тибқи нақша- чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, маҳфили омӯзишии “Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат” дар толори қалъаи таърихӣ баргузор гардид.

Зикр намуд, ки бо мақсади таҳкими маърифати сиёсию иҷтимоии ҷавонон, боло бурдани зиракии шаҳрвандӣ ва тарбияи онҳо дар руҳияи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дар толори  Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабини дар доираи нақшаи кори маҳфили омӯзишии “Ҷавонон- пайравони  Пешвои миллат” роҳандозӣ гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои марбута, омӯзгорону донишҷӯён, толибилмону  коршиносони соҳаи ҷомеашиносӣ, сайёҳӣ ва ҷавонони фаъол аз тамоми шаҳру навоиҳии вилоят  ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни маҳфил, тибқи изҳороти масъулини Раёсати мазкур, баргузории чунин  маҳфили омӯзишӣ барои таҳкими ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон аҳамияти хоса дорад. Яъне, боло бурдани сатҳи дониши ҷавонон дар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва вазъи геополитикии минтақаҳои ҷаҳонӣ, ташкили зиракии сиёсӣ ва таҳлили ҷавонон дар шароити ҷаҳонии муосир ва инчунин омодасозии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва афзоиши масъулиятшиносии онҳо равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки маҳфили омӯзишии “Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат”, ҳамчун мактаби тайёрии кадрҳои ҷавонони роҳбарикунанда фаъолият мекунанд. Зеро ки ҷавонон бояд дар баробарии касбомӯзӣ аз вазъи сиёсати байналмилалӣ низ огоҳ бошанд, ки ба рушди ҷаҳонбинӣ ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Қайд намуд, ки чорабинии мазкур яке аз марҳилаҳои муҳим дар ҷараёни тарбияи сиёсӣ ва сайёҳию фарҳангии ҷавонони вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки ташкил ва идомаи чунин маҳфилҳои омӯзишӣ замина мегузорад, то насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳимояи арзишҳои таърихиву фарҳангии манфиатҳои  миллӣ ба воя расанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМаҳфили омӯзишии ”Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” дар қалъаи таърихӣ баргузор шуд
Scroll to Top