Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шиносоии курсантҳои факултети№ 4 аз мероси таърихии ниёгон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 05- уми соли 2025 курсантҳои курси 1-уми факултети №4 –и Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғди шаҳри Хуҷанд бо сарварии роҳбарияти таълимӣ ва омӯзгорон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Қалъаи таърихии Хуҷанди МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд боздиди омӯзишӣ анҷом доданд.

Ҳадафи асосии шиносоӣ аз мероси таърихии ниёгон ин баланд бардоштани маърифатӣ курсантҳо, ошноии онҳо бо мероси фарҳангиву тамадунни миллати тоҷик ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву миллӣ мебошад.

Зимни боздид аз осорхона  ва қалъаи таърихӣ , ки аз ҷониби Шовазири Муродҷони – роҳбалади касбии муассисаи мазкур сайри илмӣ гузаронида шуд.  Онҳо аз таърихи чандҳазорсола маводҳои ҷамъоваришуда, ки қабатҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангии мероси ниёгон ва ашёҳои нодир ба намоиш гузошта шудааст, шинос гардиданд.

Дар осорхонаи таърихӣ курсантҳо намунаҳои нодир аз ҳаёти гузаштагони миллати тоҷик, ашёҳои рӯзгор, дастхатҳо, тангаҳои қадим ва экспонатҳои давраҳои гуногунро тамошо намуданд.Ҳамчунин ба онҳо давраҳои Ҳаҳоманишиён, Кушониён, Сосониён ва аз Қаҳрамонии миллати тоҷик- Темурмалик  маълумоти бештар гирифтанд.

Боздид аз Қалъаи таърихии Хуҷанд, ки яке аз ёдгориҳои  муҳими таърихӣ ба ҳисоб меравад, барои курсанҳо таассуроти махсус бахшид. Роҳбалад бо ҳамроҳи курсанҳо аз толорҳои намоишӣ гузар намуда дар бораи таърихи бунёд, санъати тасвирӣ, ашёҳои нодир, ҳунарҳои мардумӣ ва дастхатҳои аслии нодири шоирон маълумоти пурмуҳтаво дода шуд. Курсантҳо имконият пайдо карданд, ки аз наздик бо сохтори меъмории қалъаи таърихӣ ошно гарданд.

Зимни шиносоии  маърифатӣ аз ин боргоҳи таърих курсантҳо бо  суолу ҷавоб анҷом дода, фаҳмиши худро дар бораи таърих, фарҳанг ва эҳтиром ба ёдгориҳои миллат таҳким бахшиданд. Роҳбарикурсантҳо таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳо дар ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ ва ахлоқи курсантҳо нақши муҳим мебозанд, зеро кормандони ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд на танҳо малакаи касбӣ, балки ҷаҳонбинии васеъ ва тасаввуроти таърихӣ дошта бошанд.

Дар анҷоми боздид  намояндагии роҳбарияти факултети мазкур барои чунин омодасозии сайри илмӣ ба роҳбарияти муассисаи таърихӣ изҳори минатдорӣ баён намуданд.

Шовазири Муродҷони - роҳбалади
МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШиносоии курсантҳои факултети№ 4 аз мероси таърихии ниёгон
Scroll to Top