Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунар - мероси зиндаи тоҷикон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунари кордсозӣ яке аз қадимтарин ва зеботарин  навъҳои  ҳунарҳои мардумии тоҷик ба ҳисоб меравад, ки аз насл ба насл гузашта , то имрӯз маҳорати беназири устоҳои моҳирро инъикос менамояд. Корд на танҳо воситаи рӯзгор, балки рамзи мардонагӣ, ҳунармандӣ ва зебоӣ дар фарҳанги тоҷикон мебошад. Дар ҳар минтақаи кишвари Тоҷикистон аз Бухоро то Хуҷанд ва аз Ҳисору Бадахшон усул, ороиш ва сабки махсуси кордсозӣ вуҷуд дорад, ки хусусиятҳои маҳалии худро  доранд. Имрӯз бо вуҷуди пешрафти технология  ва афзоиши истеҳсоли саноатӣ, ҳунари кордсозӣ ҳанӯз ҳам ҷозибаи худро гум накардааст. Он на танҳо як касб, балки нишонаи ҳувияти миллӣ ва мероси фарҳангии мардум аст. Ин ҳунар то имрӯз аз ҷониби ҳунармандони маҳаллӣ нигоҳ дошта шуда,  то ҳол тавассути устоҳои маҳаллӣ бо муҳаббат ва завқ идома ёфта истодааст.

Яке аз ҷеҳраҳои ин ҳунари нодири авлодӣ усто Абдумубин Темуров мебошад, ки кордсози шинохта аз деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Гафуров буда, имрӯз дар ҳавлии оҳангарӣ Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”, устохона дорад.

Усто Абдумубин Темуров зиёда аз 40 сол аст, ки бо ҳунари кордсозӣ машғул буда , онро аз бобо ва падараш омӯхтааст.  Тибқи гуфтаи худи усто , ҳунари кордсозӣ дар оилаи онҳо аз насл ба насл гузашта, то ҳол шакли  анъанавии худро нигоҳ доштааст. Аввалин таҷрибаи усто Абдумубин  дар ҳунари кордсозӣ ба давраи наврасии ӯ рост меояд, вақте ки бо истифода аз оҳани одӣ ва дастакҳои чӯбинаввалин корди худро сохтааст. Ин таҷрибаи аввалин ба ӯ имкон дод, ки малакаҳои  ибтидоиро дар ин касб ба даст оварад ва дар оянда онҳоро такмил диҳад. Ҳамин корди нахустин оғозгари роҳи тӯлонии фаъолияти ҳунарии ӯ гардид.

Имрӯз бошад, маҳсулоти дастии ӯ на танҳо дар кишвари Тоҷикистон, балки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия, Англия, Амрико, Фарансо, Австралия ва дигар кишварҳои хориҷӣ пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи дӯстдорони ҳунарро ҷалб кардааст. 

Бале, дар устохонаи ҳавлии оҳангарӣ, ки дар қалъаи таърихӣ ҷойгир аст, ҳар рӯз садои зарбаҳои оҳан ба гӯш мерасад, бӯйи металл ва гармии оташ муҳитро пур мекунад. Ҳар зарбаи оҳан гӯё ритми кори усторо инъикос мекунад ва ҳангоми сохтани ҳар корд, усто бо диққат ва маҳорати беназири ҳар ҳаракати дасташро иҷро мекунад. Дар ин ҷо меҳнат ва эҷод якҷоя шуда, ҳар як корд на танҳо асбоби  рӯзгор, балки намунаи завқи бадеӣ ва ҳунари  анъанавии тоҷикон мешавад. Мушоҳидагарон бо шавқ ба кори усто менигаристанд ва бӯйи гарм ва оҳан гӯё онҳоро ба замонҳои қадим мебарад, ки ҳунар танҳо бо даст ва меҳнати ҳалол ба вуҷуд меомад. Усто Абдумубин бо муҳаббат ва эҳтиром ба ҳар корд муносибат мекунад, гӯё ки ҳар  корд , корди хосае бошад. Ӯ ҳар қадами кори худро бо дақиқӣ ва ихлос иҷро мекунад ва мехоҳад, ки ҳар асбоби сохтааш на танҳо  фунсионалӣ, балки зебо ва хоси худ бошад. Ҳар корд барои ӯ намунаи ҳунар ва эҷод аст, ки маҳорати ниёгон ва завқи бадеии ӯро таҷассум мекунад. Ҳар як корд на танҳо барои буридан аст, балки он бояд зебо ва рӯҳ дошта бошад, ки маҳорати усторо нишон медиҳад ва ҳунар ҳамон вақт зинда мемонад, ки онро бо сидқи дил иҷро кунӣ- мегӯяд, усто Абдумубин бо завқи том.

Гуфтан ба маврид аст, ки меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо шавқ ба устохонаи ӯ ворид гардида ба кори ӯ диққат медиҳанд.Барои бисёриҳо ҷолиб аст, ки чӣ гуна аз як порчаи оҳан бо дастони ҳунарманд асари кордсозӣ офарида мешавад. Баъзе сайёҳон ҳатто бо хоҳиши худ фармоиш медиҳанд, ки кордҳои зебо бо нақшу нигори миллӣ, ки хотираи сафари онҳо  аз шаҳри Хуҷанди бостонӣ ҳамчун арғумон бошад.

Усто Абдумубин ҳамчунон ба ҷавонон омӯзгорӣ, яъне санъати ҳунари миллиро меомӯзонад, ки худ аллакай чанд шогирдони ӯ устои санъати ҳунари воло гаштаанд. Ӯ мехоҳад ҳунари ниёгони аҷдодиро ба насли нав расонад, то ин касби қадимӣ аз байн наравад. Имрӯз ҷавонон бояд донанд, ки ҳар як ҳунари дастӣ, меҳнат ва сабури арзиши ҳақиқӣ худро дорад- мегӯяд усто бо ифтихор.

Маҳз чунин ҳунармандони мардумӣ мисли усто Абдумубин Темуров сабаб мешаванд, ки фарҳанг ва ҳунари миллӣ зинда монад, шукуҳ ёбад ва ҷаҳонӣ гардад. Ҳунари ӯ намунаи беҳамтои зебоии меҳнати инсон аст, ки аз қалб ва анъанаҳои ҳазорсолаи тоҷик реша мегирад.

Зикр намуд, ки ҳунари кордсозии усто Абдумубин на танҳо идомаи суннати ниёгон, балки намунаи меҳнатдӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Бо заҳмати дилсӯзона ва муҳаббати беандоза ба пешаи худ ӯ тавонистааст, ки ин ҳунари қадимаро ба сатҳи нав бардорад ва ба насли ҷавон нишон диҳад, ки фарҳанг аз анъанаҳои гузашта ганҷест, ки бояд пос дошта шавад.

Имрӯз устохонаи кордсозӣ, ки дар қалъаи таърихӣ ҷойгир аст, на танҳо  ҷойи кору фаъолият, балки макони омӯзиш ва ҳифзи  анъанаҳои миллии ҳунармандӣ ба шумор меравад. Дар ин ҷо устои соҳибтаҷриба насли навро бо сирру асрори кордсозии суннатӣ ошно намуда, ҳунари ниёгонро аз нав эҳё мекунад. Устохона ба як маркази ҷолиби фарҳангӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сокинон, балки меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хориҷиро низ ҷалб месозад.Мақомоти маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки дастгирии чунин ҳунармандон на танҳо ба рушди туризми фарҳангӣ мусоидат мекунад, балки барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии насли ҷавон нақши  муҳим дорад. Ин амр нишон медиҳад, ки ҳунари мардумии тоҷик бо вуҷуди пешрафтҳои замона, то ҳол арзиш ва ҷойгоҳи худро нигоҳ доштааст, ки мақсади асосӣ танҳо  истеҳсоли маҳсулот набуда, балки эҳё ва нигоҳдории ҳунари миллист, ки реша дар таърих ва фарҳанги халқи тоҷик дорад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲунар - мероси зиндаи тоҷикон
Scroll to Top