Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзномаи мардумии “Ҳақиқати Суғд” – 95 сола шуд.Ташрифи ҷашн дар театри Камоли Хуҷандӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бошад, сазовор аст садо диҳем, ки 95 – сол пур кардани яке аз маъруфтарин ва куҳансолтарин нашрияҳои минтақавӣ, рӯзномаи мардумии “Ҳақиқати Суғд” , на танҳо ҷашни як воситаи ахбор, балки ҷашни таърихии пуршараф, фарҳанги матбуотӣ ва ҳувияти иттилоотии тамоми сокинони вилояти Суғд мебошад.

Дар тӯли қариб як аср рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, ҳамчун минбари боэътимоди мардум , оинаи воқеият, мактаби журналистика ва равзанаи робитаи ҷомеа бо давлат хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати ин санаи таърихӣ 28-уми ноябри 2025 дар театри мусиқиву маҳзакавии давлатии Камоли Хуҷандӣ , конфронси илмӣ – адабӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар инъикоси дастовардҳо ва рушду пешрафти кишвар” бахшида ба 95- солагии таъсисёбии нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят- “Ҳақиқати Суғд” маросими бошукуҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Исмоилзода Зуфар Муртазохон- муовини раиси вилояти Суғд, Муяссара Қаҳҳорӣ- муовини раиси шаҳри Хуҷанд, Салимзода Ҷаҳонгир Салим – раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд, инчунин меҳмонон аз вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони соҳаи фарҳангу маориф, аҳли илму адаб, ходимони ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, устодону донишҷӯён , дӯстдорони  матбуот ва васоити ахбор, минҷумла намояндаги аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ширкат варзиданд.

Конфронси илмиро Аминҷон Шарифзода – сармуҳарири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” бо суханони ифтитоҳ оғоз бахшид. Ӯ ҳозирин ва меҳмононро хайрумақдам гуфта, аҳамияти баргузории чунин чорабиниро дар рушди илму маърифат ва ҳамкории  мутақобилаи фарҳангӣ истодагарӣ намуд.

Сониян, Исмоилзода Зуфар Муртазохон - муовини раиси вилояти Суғд баромад намуда, иброз дошт, ки ҷашни 95- солагии рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, ҷашни тамоми аҳли фарҳанг, маориф, зиёин ва соҳибони қалам мебошад. Зеро ин рӯзнома дар ҳар давра ҳамчун оинаи ҳаёти мардум хидмат карда, рӯйдодҳои муҳими минтақа ва кишварро ба таври воқеавӣ инъикос намудааст Ӯ таъкид намуд, ки дастовардҳои рӯзнома натиҷаи заҳмати журналистони ватандӯст аст, ки бо масъулияти баланд ба мардум хизмат мекунанд, ки ба ҳайати эҷоди барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чорабинӣ ба як таҷлили хотирмон табдил ёфт, ки дар он саҳифаҳои таърихии рӯзнома, саҳми журналистони наслҳои гуногун ва нақши рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар рушди маънавиёту худогоҳии миллӣ баррасӣ шуданд. Тавре суханварон зикр намуданд, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” , дар тӯли 95 – сол  рисолати муқаддаси омӯзонидани ҷомеа, бедор намудани фикру андешаҳо , ҳамчун нависандаи таърихи зиндаи вилояти Суғд ва нигоҳ доштани ҳақиқатро бар дӯш дорад.

Ҳамзамон,журналистони собиқадор ва ҷавонон баромад намуда дар суханрониҳои худ таъкид карданд, ки мақоми нашрия на танҳо дар интиқоли иттилоот маҳдуд нест. Чун рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ҳамеша мактаби касбӣ барои садҳо рӯноманигор буд, мактабе ки наслҳои зиёди қаламкашонро ба майдони бузурги матбуот баровардааст.

Дар ҷараёни чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ, намоиши саҳнавӣ ва рӯнамоии ҷузъҳои таърихи рӯзнома пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин ба як қатор кормандони фаъоли нашрияи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ супурида шуданд.

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо эҳтироми хоса тамоми ҳайати эҷодии рӯзномаи мардумии “Ҳақиқати Суғд”- ро ба муносибати 95- солагии таъсисёбӣ табрику муборакбод менамояд.

Бо камоли эҳтироми фаровон изҳор менамоем, ки рӯзнома ҳамчун ҳамкории боэътимоди фарҳангӣ ва иттилоотӣ, ҳамеша дар паҳлӯи муассисаҳои фарҳангию таърихӣ қарор дошта ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

Ба ин муносибат ба кулли кормандони рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”саломатӣ, илҳоми эҷодӣ, қалами бурро, неруи тоза ва муваффақиятҳои нав орзу менамоем. Бигзор рӯзномаи мардумӣ, ҳамеша парчамбардори ҳақиқати созандагӣ бошад ва солҳои зиёди дигар ба халқу Ватан хизмат намояд.

Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МДМФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesРӯзномаи мардумии “Ҳақиқати Суғд” – 95 сола шуд.Ташрифи ҷашн дар театри Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top