Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истифодаи оқилонаи барқ дар муассисаи фарҳангӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 26- уми соли 2025 , дар толори маҷлисгоҳи муассиса боиштироки Иброҳим Иброҳимов- Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, шахсони масъул ва бо сарварони растаҳои фурӯши ҳунармандони мардумӣ , нуқтаҳои тиҷорат ва савдои хизматрасонӣ, оид ба сарфакорона истифода бурдани барқ машварати васеъи корӣ баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки имрӯз масрафи барқ дар тамоми саросари кишвар, яке аз масъалаҳои муҳими идоракунии хароҷот ва самаранокии он пешбинӣ шудааст.

Бо назардошти афзоиши талабот ба барқ ва аҳамияти муҳити зист, роҳбарияти муассисаи мазкур зарурият донистанд, ки дар муассиса ва фурӯшгоҳҳоии ҳунармандони мардумӣ назорати самараноки истифодаи барқро ба роҳ монанд.

Ҳолати имрӯза ва зарурати сарфакорӣ дар нуқтаҳои савдо ва ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсулоти дастӣ ва анъанавӣ ба фурӯш пешниҳод мекунанд хело хуб аст, лек истифодаи нодурусти барқ метавонад ба хароҷоти иловагӣ ва паст шудани самаранокии фаъолияти корӣ таъсир расонад. Изҳори нигарон карда шуд, ки масрафи барқ аз ҳад зиёд на танҳо хароҷоти молиявиро васеътар мекунад, балки боиси изофабории дастгоҳҳои шабакаҳои тақсимоти барқӣ таъсири манфӣ расонида, хатари корношоямии таҷҳизот ва қатъ шудани барқро меафзояд.

Аз ин рӯ, роҳбарият зарур шуморид, ки бо сарварони нуқтаҳои фурӯши савдо машварати корӣ анҷом дода, усулҳои пешгирӣ ва масрафи изофии барқро муҳокима намояд. Барои кам кардани масраф ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи барқ метавон чораҳо андешид, ки аз истифодаи таҷҳизоти барқии каммасраф, таъмини таълим ва огоҳсозии кормандон оид ба сарфакорӣ, танзими соатҳои корӣ ва фаъолияти таҷҳизотҳои гармидиҳии толорҳо ва равшанидиҳандаи ҳудудҳои муассиса танҳо дар вақти лозимӣ истифода бурда шаванд, истодагарӣ карда шуд. Илова бар ин инчунин назорати мунтазам ва ҳисоботи масрафи барқ, ки имкон медиҳад, нуқсонҳоро бартараф  ва истифодаи нодурустро кам кунад.

Дар идома гуфта шуд, ки ҷорӣ намудани усулҳои сарфакорӣ на танҳо хароҷотро кам мекунад, балки ба беҳтар шудани муҳити корӣ, маърифати энергетикӣ низ мусоидат мекунад. Идоракунии самараноки барқ маънои онро дорад, ки мо нерӯи барқро оқилона, бидуни исроф ва бо дарназардошти манфиати умумӣ истифода барем. Ин амр на танҳо сарфаи маблағ аст, балки масъулияти иҷтимоиро дар бар мегирад.

Дар  ҷараёни нишасти машварати корӣ инчунин масъалаҳои марбут бо намояндагони нуқтаҳои фурӯши савдо, ки муассисаи мазкур  тибқи шартнома ҳамкорӣ доранд, оид ба сарфакоронаи барқ, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, тарзи баланди хизматрасонӣ баррасӣ гардиданд.

Зикр гардид, ки истифодаи самараноку оқилонаи нерӯи барқ, риояи меъёрҳои истеъмол, коҳиш додани хароҷотҳои нолозима ва беҳтар намудани тартиби назорат бар истифодаи он мавриди қарор гирифтанд. Ҳозирин инчунин роҳҳои амалии баланд бардоштани сарфакорӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, ҷорӣ намудани усулҳои муосири назорат ва ба танзим даровардани истеъмоли барқро муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории муассиса бо нуқтаҳои фурӯши савдо дар асоси шартнома бояд, ҳадафмандона идома ёбад ва ҳар ду тараф масъулияти худро дар самти истеъмоли дуруст ва сафакоронаи нерӯи барқ пурра намоянд.

Дар анҷоми машварат ба иштирокчиён вазифаҳои мушаххас супорида шуда, зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи иловагӣ барои кам кардани истеъмоли зиёдатӣ таъкид гардид.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МДМФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesИстифодаи оқилонаи барқ дар муассисаи фарҳангӣ
Scroll to Top