Бо фаро расидани мавсими зимистон зарурати иҷрои корҳои пешгирикунанда барои ҳифзи иншооти обӣ ва таҷҳизоти техникӣ бештар мегардад. Дар ин замина, дар чорбоғи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз гӯшаҳои зебоманзар ва дӯстдоштаи сокинону меҳмонон ва сайёҳон ба шумор меравад , дар доираи фаъолияти Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, як чанд қатор корҳои муҳим ба анҷом расонида шудаанд.Яке аз ин тадбирҳо холӣ намудани ҳавзи бузурги чорбоғ аз об ва бо мақсади таъмини амният, нигоҳдории дуруст ва омодагӣ ба фасли зимистон мебошад.
Бо назардошти ин ҳар сол дар фасли зимистон сатҳи ҳарорати ҳаво ба таври назаррас паст мешавад, нигоҳ доштани об дар ҳавз метавонад, боиси талафоти зиёди техникӣ, хатари яхбандӣ, зарар ба қубурҳои обгузар, насосҳо ва конструксияи бетонгардии ҳавз гардад. Барои пешгирии ин мушкилиҳо мутахассисони шуъбаи техникии муассисаи мазкур ба таври нақшавӣ раванди холӣ кардани ҳавзро оғоз намуданд. Ин корҳои пешбинишуда, дар асоси нақшаи техникии пешакӣ ва бо истифода аз насосҳои махсуси обкашӣ иҷро карда шуданд. Ин насосҳо имконият доданд, ки оби ҳавз зуд, бехатар ва пурра хориҷ карда шавад. Мутахассисони техникӣ тамоми раванд назорати қатъӣ бурда ҳолати деворҳо, қубурҳо ва системаи обгузариро ташхис намуданд. Дар натиҷа муайян кардани нуқсонҳои эҳтимолӣ ва омодасозии онҳо ба мавсими зимистон бо сифати баланд анҷом ёфт.
Илова бар ин холӣ кардани ҳавз ба кормандони техникӣ имкон дод, ки корҳои тозакунӣ, антисептикӣ ва мустаҳкамсозиро аз дохили ҳавз иҷро намоянд. Ин амал барои дар фасли баҳор ба кор даровардани бехатарии ҳавз ва пешгирии зарари ҷамъшуда муҳим мебошад. Ин иқдом на танҳо дорои аҳамияти техникӣ, балки иҷтимоӣ низ ҳаст, зеро чорбоғи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, яке аз ҷойҳои хушманзараи дӯстдоштаи истироҳати мардум мебошад ва нигоҳдорӣ, тозагӣ ва амнияти он дар тамоми сол ба сифати зиндагии шаҳрвандон таъсир мерасонад.
Гуфтан ба маврид аст, ки холӣ кардани ҳавзи калони чорбоғи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, яке аз тадбирҳои муҳими омодагӣ ба фасли зимистон ба ҳисоб меравад. Ин иқдом бо талоши мутахассисони шуъбаи техникии муассисаи мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода шуда, барои ҳифзи инфрасохтор, пешгирии зарар ва омодасозӣ ба мавсими нав, баҳри истифодаи минбаъдаи он замина мегузорад.
Зикр намуд, ки ин гуна корҳои мунтазами нигоҳдорӣ ба самаранокии истифодаи иншооти обӣ мусоидат намуда ба беҳтар шудани шароити истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон хизмат мекунад.
Валӣ Набизод – котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”