Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Харидории ашёҳои таърих

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола тибқи нақшаи пурракунии маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз ҷониби шӯъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосиркамиссияи харидории назди маъхази Осорхона баргузор мегардад. Санаи 19.11.2025 камиссияи навбатии харидорӣ баргузор гардид, кидар он 11 нафар аъзоёни комиссия иштирок намуданд. Дар камиссияи харидории мазкур аз тарафи кормандони илмии шӯъбаҳоаз шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилояти Суғд 28 адад ашёҳои аҳамияти таърихидошта ҷамъоварӣ гардида, он харидорӣ карда шуд. 

Ашёҳои мазкур аҳамияти таърихӣ  фарҳангӣ ва этнографӣ  дошта, ба давраи қадим, асрҳои миёна, давраи шӯравӣ ва замони муосир мансуб мебошад ва барои ғанигардонии коллексияи соҳавии махзани Осорхона, баргузории намоишҳои осорхонавӣ ва сайёр судманданд.

 Дар қатори ашёҳои таърихии харидоригардида, маводҳои мисгарӣбисёр ҳам ҷолиби диққат буда, яке аз онҳо ин кӯзаи мисини мунаққаш мебошад. Кӯзаи мазкур бо нақшҳои ислимӣ, ба тариқи зарбазанӣ ҳаккокӣ гардидааст. Нақшҳо асосан хоси миллати тоҷик буда, баёнгари санъати воло ва ҳисси зебоипарастии тоҷиконро нишон медиҳад.

Умуман мисгарӣ, яке аз касбҳои маъмули тоҷикон буда, ба он ҳунари аз мис сохтани зарфҳо, зеварҳо, сиккаҳо, олоти рӯзгор, аслиҳа ва ашёҳои мухталиф дохил мешаванд. 

Мисгарон, ки табақаи махсуси ҳунармандонро ташкил медоданд, маснуоти гуногунҳаҷми мисӣ тайёр мекарданд ва ин маснуоти мисӣ бо дасти наққошони моҳир зебу зинат дода мешуданд.

Навъҳои хеле маъмули ашёҳои мисини устоҳои тоҷик офтоба, кӯза, дастшӯ, чойҷӯш, чойник, лаълӣ, туфдон, чилим, дӯлча, чароғ, шамъдон, қаламдону рангдон ва ғайра буданд. 

Дар оянда тасмим дорем ашёҳои харидоригардида ба толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва Маҷмааи тарихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ба намоиш гузошта шаванд.

Дилором Саидова - корманди илмии
шӯъбаи таърихи МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”


Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesХаридории ашёҳои таърих
Scroll to Top