Чакан на танҳо як навъи санъати гулдӯзӣ, балки ойинаи таъриху фарҳанги тоҷикон аст. Ин ҳунари нодир, ки бештар дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, хусусан водии Рашт, Кӯлоб ва Бадахшон, рушд кардааст, як ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва маънавии тоҷикон ба шумор меравад. Чакан аз умқи таърих то замони мо, чун гавҳари бебаҳои мероси аҷдодӣ, аз насл ба насл ба мерос монда, фарҳанги моро зинда нигоҳ доштааст.
Дар гузашта ин ҳунари воло на танҳо рамзи зебоӣ ва нафосат, балки ҳамчун сипари ҳифозатӣ аз чашми бад ва неруҳои номатлуб истифода мешуд. Ҳар нақшу нигоре, ки дар он офарида мешавад, маънои амиқи худро дошта, ҷаҳони ботинии инсон ва муносибати ӯро бо табиат ва ҳастӣ таҷассум мекунад. Масалан, Офтоб рамзи рӯшноӣ ва некӣ, гулҳо нишонаи зебоӣ ва шукуфоӣ, доираҳо аломати ҳаёт ва муттаҳидӣ мебошанд.
Чакан бо истифода аз усули хосса ва маҳорати баланд гулдӯзӣ мешавад. Барои таҳияи он матои пахтагӣ, абрешим ё адрас истифода мегардад, кирангаш бештар сафед ё сурх мебошад. Сипас, бо риштаҳои ранга, ки, асосан, аз абрешими табиӣ тайёр мешаванд, ҳунармандон нақшҳои гуногунро дастӣмедӯзанд. Яке аз хусусиятҳои асосии чакан ин аст, ки ҳар як нақш дар он маънои амиқ ва фалсафаи худро дорад. Масалан, гулҳои панҷбарга ваҳафтбарга, ки дар чакан хеле маъмуланд, рамзи панҷ унсури ҳаёт ва ҳафтосмон мебошад, ки чеварон онро бо сабки аҷиби гулдӯзӣ ба тасвир меоранд.

Чакан на танҳо як санъати миллӣ, балки ҷузъи муҳими фарҳанги ғайримоддии тоҷикон мебошад. Маҳз ба хотири арзиши фарҳангии он, ЮНЕСКО соли 2018 чаканро ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд. Ин бори дигар исбот намуд, ки чакан на танҳо як санъат ё ороиши матоъ балки ҷузъи муҳими таърих ва маънавиёти миллати тоҷик аст.
Имрӯзҳо ин ҳунар на танҳо дар либосҳои миллӣ, балки дар тарҳҳои муосири мӯд низ истифода мегардад. Он дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, фестивалҳои фарҳангӣ ва маъракаҳои мӯд ҷойгоҳи хоси худро пайдо карда, диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Бонувони тоҷик ин ҳунарро аз насл ба насл омӯзонда чун мероси аҷдодӣ ҳифз менамоянд. Дар бисёре аз мактабҳо, марказҳои ҳунармандӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дарсҳои махсуси чакандӯзӣ гузаронда мешаванд, то ҷавонон ин ҳунари нодирро омӯзанд.
Сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд ва бо фарҳанги пурғановати тоҷикон, аз ҷумла чакан, ошноӣ пайдо менамоянд, аз нақшҳои беназире, ки дар он офарида шудааст, ба ваҷд омада, барои худ ва наздиконашон чун армуғон мехаранд.

Ҳамин тавр, чакан на танҳо як санъати гулдӯзӣ, балки рамзи ҳувият, фарҳанг ва таърихи тоҷикон мебошад. Ин ҳунари беназир асрҳои зиёд боқӣ монда, имрӯз низ рушд меёбад. Бидуни шак, ҳифз ва рушди чакан на танҳо вазифаи ҳунармандон, балки масъулияти ҳар як фарде мебошад, ки ба фарҳангу таърихи худ арҷ мегузорад.
Ба ин мақсад дар толори намоишгоҳи Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бо якҷоягии Осорхонаи мардумшиносии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Чакан дар фарҳанги тоҷикон” баргузор гардид, ки дар он намунаҳои гулдӯзии тамоми манотиқи Тоҷикистон ба марази тамошо гузошта шудааст.
Агар хоҳед аз гулдӯзии тамоми манотиқи Тоҷикистон ошнои пайдо намоед пас марҳамат ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд.
Юлдошева Умеда – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд