Ҳунар ва фарҳанг пояи аслии фарҳанги миллӣ ва шиносномаи ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони муосир , эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон на танҳо як кору шуғли эҷодӣ, балки амалӣ намудани рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳаллӣ мебошад.
Дар ин замина, Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чорабинии фарҳангии “Ҳунарманди сол”- марҳилаи шаҳриро баргузор намуд. Дар ин чорабинии мазкур Боқизода Бахтиёр – муовини шаҳри Хуҷанд,шахсони масъул ҳамроҳи намуда, ҳунармандони шинохтаи маҳаллӣ ва оммаи васеъи сокинон дар саҳнаи ҳавлии ҳунармандони мардумии Қалъаи таърихии Хуҷанд иштирок намуданд.



Мақсад ва ҳадафи асосӣ ин тарғибу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии истеъдодҳои миллӣ ва дастгирии шуғли аҳолӣ буд. Дар марҳилаи озмуни мазкур ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз қабили нонпазӣ, кулолгарӣ, кордсозӣ, чакандӯзӣ ва адрасбофӣ намоиш дода шуданд, ки ҳар кадом рамзи анъана ва фарҳанги мардумӣ ба ҳисоб меравад.
Зикр намуд, ки ин чорабинӣ на танҳо як озмун, балки ҷашни ҳунар, муҳити табодули таҷриба ва поягузори маърифатии ҳунармандон мебошад, ки ғолибони он имконияти ширкат ба марҳилаи вилоятиро пайдо кунанд.
Ҳар як иштирокчии озмун ҳунару маҳорат , таҷриба ва зебогии кори худро ба тамошобинон пешниҳод намуд. Дар рафти чорабинӣ равшан гардид, ки иҷрои ин ҳунарҳои мардумӣ на танҳо шуғл, балки оинаи зиндагӣ ва мероси фарҳангии миллати тоҷикон мебошад.
Дар асоси баҳогузории ҳайати аъзои ҳакамон, ки аз ҳунармандони мардумӣ ба номинатсия- ғолибон:
муайян гардиданд.
Онҳо ҳамчун барандагони зинаи шаҳрии озмун ба марҳилаинавбатии вилоятии озмуни “Ҳунарманди сол” роҳхат гирифтанд. Ин дастовард барои ҳар як ҳунарманд , на танҳо ифтихор, балки имконияти нав барои рушд, табодули таҷриба ва муаррифии ҳунари миллӣ дар сатҳи баланд ба ҳисоб меравад.



Гуфтан ба маврид аст, ки Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд, чунин чорабиниҳоро як қисмати сиёсати дастгирии шуғл ва рушди соҳибкории ҳунарӣ меҳисобад.
Албатта, ташкилкунандагон таъкид намуданд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои миллӣ мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки чорабинии “Ҳунарманди сол” боз як далели равшан аст, ки он на танҳо як озмун, балки намояндагии фарҳанг, нишонаи эҳтиром ба мероси миллӣ ва қадами нав дар роҳи дастгирии ҳунармандон мебошад.
Хурсандиовар аст, ки ғолибони ин марҳилаи чорабинӣ бо камоли нерӯ ба озмуни вилоятӣ қадам гузошта, омодагӣ мебинанд, то ки ҳунари хешро дар сатҳи баланд муаррифӣ намоянд.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”