Дар солҳои охир робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса рушд ёфта истодааст , ки дар заминаи таълимии ҳамкориҳои судманд байни муассисаҳои фарҳангии ду кишвар тақвият мебахшад. Дар ин робита ташкилоти ҷамъияти “Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд”, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва бо дастгирии молиявии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон як ташаббуси арзишманди омӯзиширо роҳандозӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ҳамеша нақши муҳиме дар таҳкими муносибатҳои байналмиллалӣ бозиданд. Кишвари Тоҷикистон ва Фаронса, ки дар давоми солҳои охир робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва таълимиро инкишоф медиҳанд, ки имрӯз тавассути муассисаҳои фарҳангии худ иқдомҳои мушахассаро амалӣ месозанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин ҳамкорӣ , барномаи омӯзиши ройгони забони фаронсавӣ барои роҳбаладони муассисаи мазкур мебошад.

Ин иқдоми нек, ки бо дастгирии молиявии Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, аз санаи 3-уми ноябр то 26-уми декабри соли 2025 идома меёбад. Дар давоми ин муддат, роҳбаладони муассисаи мазкур дар курсҳои ройгони омӯзиши забони фаронсавӣ иштирок намуда, малакаҳои забондонӣ ва муоширати касбии хешро такмил медиҳанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин курси омӯзиши забони фаронсавӣ он роҳбаладоне, ки аллакай забони англисиро медонанд, пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаи дарси забони фаронсавӣ на танҳо ба омӯзиши забон, балки шиносоии ҷуғрофия, рақамҳову санаҳо, ёдгориҳои таърихӣ, муошират дар бозору тарабхонаҳо, бо таъриху фарҳанг ва таъриху арзишҳои миллии Тоҷикистону Фаронса равона гардидааст. Метавон гуфт, ки ин таҷрибаи бозомӯзӣ барои фаъолияти минбаъдаи онҳо дар соҳаи сайёҳӣ низ аҳамияти калоне дорад.

Қобили зикр аст , ки ҳамкории судманд байни МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” ва Маркази фарҳангии Фаронса дар шаҳри Хуҷанд намунаи равшани рушди робитаҳои фарҳангӣ ва таълимии ду кишвар мебошад. Ин иқдом на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва савияи касбии роҳбаладон мусоидат мекунад, балки дар таҳкими дӯстӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мегузорад.
Мусаллам аст, ки ин гуна ташаббусҳо дар оянда ба рушди соҳаи сайёҳӣ, тавсеи ҳамкориҳо ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байни миллатҳои кишвар мусоидат намуда, заминаи устувор барои лоиҳаҳои нави муштарак мегузорад.
Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”