Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърих бо забони ишора- ҳикояи кӯдакони имконияташон маҳдуд аз қалъаи таърихӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ҳадафи ҷалби  кӯдакони имконияташон маҳдуди ношунаво ба ҳаёти фарҳангӣ ва ошно намудани онҳо бо таърихи пурғановати  дар доираи лоиҳаи “Ҳамкории ҷаҳон” боздиди омӯзишиву фарҳангӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид. Ин маъбади бостонӣ , ки яке аз рамзҳои муҳими тамаддуни миллати тоҷик ба шумор меравад, на танҳо гӯшаи ҷолиби сайёҳӣ, балки макони зиндаи таърих ва омӯзиш барои насли наврас мебошад.

Метавон гуфт, ки ҷомеа бештар ба арзишҳои тамаддуни гузаштагон ва инсонӣ аҳамият медиҳад, ки тадбирҳое баргузор мешаванд, ки барои ҳама табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, минҷумла барои  кӯдакони имконияташон маҳдуд  баробар фароҳам оварда мешаванд.

Дар ин замина, филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматӣ башардӯстона ва хайриявии “Ҳамкорони ҷаҳон” дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии менеҷери минтақавӣ, муҳтарам Элизабет гузаронидани чорабинии фарҳангиву фароғатӣ, ки зиёда аз 60 нафар кӯдакону наврасони ношунаво бо ҳамроҳи волидайн  аз макони таърихӣ дидан намуданд.

Бояд гуфт , ки ин  иқдоми неки муҳим ва нигаронидашуда мебошад, ки на танҳо донишу фарҳанги онҳоро густариш медиҳад, балки ба эҳсосоти муҳаббат ва ҳамдигарфаҳми миёни онҳо мусоидат мекунад. Бале, як маъракаи беназир баргузор гардид, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд бо “забони ишора”  имкони шиносӣ бо ёдгории таърихӣ ва фарҳанги миллати тоҷик пайдо намуданд. Ин ташаббус бо мақсади ҷалби диққати ҷомеа ба ҳуқуқ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи кӯдакон, хусусан онҳое, ки бо мушкилоти равонӣ ва ҷисмонӣ умр ба сар мебаранд, сурат мегирад.

Бо  иштироки мутахассисони забони ишоравӣ ва роҳбаладони муассисаи мазкур онҳо тавонистанд бо ёрии ин забон аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ ва ҳавлии ҳунармандони мардумӣ гузар намуда, бо осори бостонӣ ва корҳои дастии ҳунармандони мардумӣ шинос гардиданд. Кӯдакон бо шавқу завқ ба ашёҳои таърихӣ назар афканда, саволҳои ҷолиб медоданд. Дар ин ҷараёни тамошои нотакрор кӯдакон  на танҳо бо ёдгориву маводҳои нодири таърихӣ ошно шуданд, балки ҳисси худогоҳӣ ва масъулияти иҷтимоиро низ тақвият доданд. Ин таҷриба ба кӯдакон кӯмак кард, то арзиши мероси фарҳанги миллиро дарк  намуда, худро ҷузъи фаъол ва баробарҳуқуқи ҷомеа эҳсос намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин иқдом ҳамзамон як навъи пайванди байни гузашта ва ҳозира аст, ки  таърих ва фарҳанг барои ҳама дастрас буда, бояд гуфт, ки барои ҳар нафар бо ҳар имконият муҳайё бошад. Волидайни кӯдакон бо як хушҳолӣ изҳор доштанд, ки ин гуна барномаи лоиҳавӣ на танҳо малакаҳои забони ишоравӣ, балки эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳрубониро байни кӯдаконро зиёд мекунад.

Зикр намуд, ки чунин ташаббусҳо на танҳо барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, балки барои ҷомеа низ як паёми муҳими инсондӯстӣ ва баробарӣ мебошанд.

Дар ин чорабинии мазкур мушовири намояндагии  филиали ташкилоти “ Ҳамкории ҷаҳон”, дар шаҳри Хуҷанд, хонума Хетхер Болстрибғе, Рамзиддин Ҷӯраев- раиси Иттиҳодияти миллии маъюбони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Гафуров ва инчунин Парвина Ёрмухамедова – раиси ташкилоти ҷамъияти “Умед барои ҷомеа”, дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

Тибқи гуфтаи  ташкилкунандагон чунин чорабинии таърихиву фарҳангӣ имконият дод, ки кӯдакони дорои маҳдудиятҳои шунавоӣ бештар дар ҷомеа ворид гарданд, ҷаҳонбинии онҳо васеъ шавад ва эҳсоси баробарҳуқуқӣ таҳким ёбад.

Ин гуна  ташаббусҳо на танҳо ба рушди малакаҳои иҷтимоии кӯдакон мусоидат мекунад, балки барои баланд бардоштани  сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба ҳуқуқу  имкониятҳои шахсони дорои маҳдудият низ нақши  муҳим мебозанд.

Қобили зикр аст, ки ташкилкунандагон изҳори умед намуданд, ки чунин иқдом аз ҷониби ташкилоти “Ҳамкории ҷаҳон” амалӣ шуда , ҳадаф доранд тавассути шиносоӣ бо мероси фарҳангӣ ва таърихӣ ҷаҳонбинии кӯдакони дорои маҳдудиятҳои шунавоии забони ишораро васеъ намуда, нақши онҳоро дар ҷомеа фаъолтар гардонад.

Валӣ Набизод- котиби маркази
иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТаърих бо забони ишора- ҳикояи кӯдакони имконияташон маҳдуд аз қалъаи таърихӣ
Scroll to Top