Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чакан дар фарҳангӣ тоҷикон

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунарҳои мардумӣ мероси маънавии халқ буда, нақши он дар муаррифии фарҳангу тамаддун ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:  Мо дар назди наслҳои ояндаи халқамон вазифадорем, ки дастовардҳои фарҳангӣ ва анъанаву суннатҳои аҷдодиро бо тамоми ҷузъиёту нозукиҳояш ҳифз кунем, такмил диҳем ва ба мерос гузорем.

Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.Чакан аз ҳунарҳои қадимаи миллати тамаддунофари тоҷик буда, таърихи беш аз 1800 сола дорад, ки дар ҷануби кишвар ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст.Чакан яке аз ҳунарҳои барҷастаи тоҷик ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташабусси беназир ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  29- ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, аз ҷониби Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳанги Юнеско ҷаноби Рупун Призвирачсинг чакан ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод- шогирд ба мерос мондааст. Солҳои охир чакан ба мӯди замони нав ворид шуда, имрӯзҳо талабгорони хеле зиёд дорад ва имрӯз тарроҳони мо кушиш карда истодаанд, ки ин сару либоси аҷдодии хешро бо тарз ва намуди нав аз нав эҳё намуда ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар ҳамбастагӣ бо Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш АМИТ бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори муввақатии осорхона намоиши сайёр таҳти унвони “Чакан дар фарҳанги тоҷикон” баргузор намуд.

Намоиш бо сухани ифтитоҳи директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов Мансурҷон Тошматович оғоз гардид.

  Дар намоиш   Ашӯрмадова  Тӯтинисо директори  Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш АМИТ, Устод Ҷаҳонов- этнограф, профессори МТД ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров,  Ҷӯразода Набиҷон намоянда аз фарҳанги шаҳри Хуҷанд оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, донишҷӯёни  ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров - факултети санъати тасвирӣ ва дизайн, донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ, донишҷӯёни факултаи санъаи ба номи С. Ҳофиз   ва намояндагони муассисаҳои зертобеъи раёсати Фарҳанги вилоят, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони “МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доранд. Дар намоиш маҳсули дасти кашидадӯзони чор минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 250 адад нигораҳо ба монандӣ: сӯзанӣ, курта, тоқӣ, рӯймол, борпӯш ва ғайраҳо ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи
оммавӣ-фарҳанги ва робита бо ҷомеа

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesЧакан дар фарҳангӣ тоҷикон
Scroll to Top