Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Хазонрезии боғи фароғатӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар сол бо фарорасии фасли тирамоҳ, табиат рӯ ба дигаргунӣ меорад. Дарахтон баргҳои сабзи худро аз даст медиҳанд ва заминро гӯё қолини рангаи зард, сурх ва қаҳваранг мепӯшонанд.

Метавон гуфт, ки  дар ин айёми муборак, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ки ҷойи истироҳату фароғатии сокинон ва меҳмонон мебошад, симои дигар мегирад. Хазонрезӣ на танҳо падидаи табиӣ, балки нишонаи давразании ҳаёт ва таҷдиди зебоии табиат аст.

Бале, дар боғи фароғатӣ, хазонрезӣ манзараи нави афсонавиро эҷод  ва пеши чашм меорад. Дарахтони булут, сафедор, чинору бед  ва дигар дарахтон баргҳои рангоранги марвориди худро ба замин меафшонанд. Садои шохаҳои хушку шамоли мулоим фазоро пур аз эҳсосоти оромӣ мекунад. Мардум ба тамошои ин манзараи нотакрор меоянд, сайру гашт намуда бо табиат ҳамсуҳбат мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки агар аз нигоҳи илмӣ назар кунем, хазонрезӣ як раванде мебошад, ки табиатро аз сардии фасли зимистон муҳофизат мекунад. Баргҳои дарахтон, ки вазифаи нафаскашии растаниро доранд, дар фасли сардӣ метавонанд сабаби талафи намӣ шаванд.

Аз ин рӯ, дарахтон баргҳояшонро меафтонанд, то зинда монанд. Дар баробари ин баргҳои афтида заминро бо моддаҳои ғизои ғанӣ мегардонанд. Онҳо тадриҷан пӯсида хокро ҳосилхезтар мекунанд, ки хазонрезӣ на танҳо як давра, балки оғози давраи нави ҳаёт дар табиат ба ҳисоб меравад.

Зикр намуд, ки хазонрезӣ дар боғи фароғатӣ моро ба андешаҳои наҷиби хаёлӣ водор месозад, ки мисли дарахтон инсон ҳам низ бояд  гоҳе аз чизҳои куҳнаи зиндагӣ ғам, изтироб, хафагӣ халос шавад, то ҷой барои шодиву хурсандӣ ва нерӯи нав пайдо кунем. Баргҳои афтидаи дарахтон гӯё номаҳои табиат бошанд, ки аз сабр, таҳаммул ва зебоии тағйирот мегӯянд. Онҳо ба замин меафтанд, пӯсида  ба хок ғизо мебахшанд ва ҳамин тавр зиндагӣ идома  меёбад. Яъне, боғи истироҳатӣ дар мавсими хазонрезӣ ба мактаби хомӯшии фалсафа табдил меёбад, ки дар он ҷо ҳар шамол дарси сабурӣ медиҳад, ҳар як барг паёми умед меорад. Инсон дарк мекунад, ки зебоӣ танҳо дар шукуфоӣ нест, балки дар фурӯ рафтану боз бархостан низ ҳаст. Хазонрезӣ моро ба олами оромӣ, фикр ва тавозӯъ мебарад ва  инсонро  ба табиат наздик намуда ба дил таскини оромӣ мебахшад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesХазонрезии боғи фароғатӣ
Scroll to Top