Фарзона (Хоҷаева Иноят Юнусовна) 3 ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Маълумоти миёнаву олиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, дар хонаводаи зиёиён тарбият ёфтааст. Аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу пайванди тамоме доштаасту бо сабку салиқа ва садои хоси эҷодӣ вориди майдони адабиёт гардидааст. Муддате дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ва маҷаллаи «Хуҷанд» фаъолият бурдааст. Ҳоло мушовири бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ ва маҷаллаи «Паёми Суғд» аст.
Шеърҳои аввалинаш аз ибтидои солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар авроқи васоити ахбори умумиҷумҳурӣ ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ, монанди «Риштаборон» (1983), «Барги сабз» (1987) ва ғ. ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустини ашъораш «Тулӯи хандарез» (1987) буда, дар аввалсухани он устоди бузурги шеъри форсӣ Лоиқ Шералӣ фотиҳаи сафеде ба қаламкаши навсафар додааст, ки фоли неке буданашро зиндагӣ собит намуд.
Ашъори Фарзона, ки баёнгари розу ниёзи оддӣ ва армони олии инсони фардостанд, зуд ба гӯши дили мустамиъон расида, садояш ҳамеша дунболи касе меравад, ки аз бекарона меояд ва буданаш ба дунё муҳтавои тоза мебахшад,
Шоира, бар замми фаъолияти босамари эҷодӣ, дар тарбияи шоирони ҷавон ва нақду баррасии осори ниёгону ҳамзамонон пайваста саҳмгузорӣ мекунад. Котиби масъули Кумитаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров аст.
Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди адабиёти муосири тоҷик сазовори унвони Шоири халқии Тоҷикистон (2001) гардонида шудааст. Ҳамзамон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, дорандаи ордени «Шараф» мебошад. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Боиси хушнудист ки маводҳои шахсии ӯ аз кабили ифтихорномаву табрикотҳо ва ҷоизаҳои ин шоираи ширинкалом Фарзонаи Хуҷанди ба фонди осорхона супорида шуда баҳри дустдорони шеъру ноби ин шоири ширинкалом дар толори намоишии бинои асосии Қалъаи Хуҷанд акс ва ашъори ӯ ба маърази тамошо гузошта шудааст.


Юлдошева У.- роҳбалади осорхонаи
таӣрихии вилояти Суғд