Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар “Қалъаи Хуҷанд”

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи дар шаҳри Хуҷанд, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” дар нимсолаи аввали соли 2025 як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсиву маърифатӣ ва фарҳангиро амалӣ намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, Иброҳим Иброҳимов дар МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” , маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи аввал баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҳизбӣ, иҷрои нақшаи корӣ ва саҳми аъзоёни ташкилот дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ маълумот дод. Ӯ зикр намуд, ки аъзоёни ташкилоти ибтидои муассисаи мазкур дар ин давраи сипаришуда бо масъулияти баланд дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва корҳои ободониву тозагии муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

 

Дар ҷараёни маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассиса масъалаи тағйироти ҳайати аъзоёни ташкилот баррасӣ гардид. Дар натиҷа, бар асоси пешниҳод ва мувофиқаи умумӣ , як қатор аъзоёни пешина озод карда шуда ба ҷояшон аъзоёни нав, ки бо фаъолият ва мавқеи созандагии худ фарқ мекунанд, интихоб гардиданд. Ин амал бо мақсади тақвияти фаъолияти ҳизбӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ анҷом дода шуд.

Дар ҷамъбаст , метавон хулоса кард, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” дар нимсолаи аввали соли 2025 бо руҳияи баланди масъулият, ватандӯстӣ ва садоқат ба ғояҳои созандагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода шуд.

Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд” минбаъд низ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии ҲХДТ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани маърифати сиёсӣ миёни кормандон ва сокинон талош хоҳад кард.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top