Санаи 14 - октябри соли 2025, дар Театри давлатии мусиқӣ- мазҳакавӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ, бахшида ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи ҳунарпешаи маъруфи тоҷик, Асрор Камолиддинзода, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон маросими бошукуҳи ҷашнӣ бо аҳли ҳунармандон, зиёиён ва меҳмонону мухлисон баргузор гардид.
Дар ин санаи пурифтихори 75- солагии устоди санъати миллати тоҷик ва 50- соли фаъолияти пуршарафи эҷодии устоди арҷманд, Асрор Камолиддинзода аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намояндагӣ ва иштирок намуд.
Бахшида ба 75-солагии зодрӯзи устоди шинохтаи санъат Камолиддинзода Асрор дар толори пур аз ҳаводорони устоди меҳрубон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин барномаи ҷашнӣ, ҳунармандони маъруфи тоҷик ва шогирдони устод бо иҷрои суруду таронаҳо, рақсу оҳангҳои классикӣ ва барномаҳои ҷолиб ба хотири аҷргузорӣ ба хизматҳои арзандаи устод баромад кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Камолиддинзода Асрор яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва санъати тоҷик буда, тӯли чанд даҳсолаҳо дар рушди тавсеаи фарҳанги миллати тоҷик саҳми босазое гузоштаанд.
Дар ин радифи шодбоши бо камоли эҳтиром соҳибҷашни азизро аз номи аҳли кормандони муассисаи мазкур ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи шариф самимона табрику муборакбод мегӯем. Шумо устоди азиз дар роҳи пешбурди санъати тоҷик бо истеъдоди зиёда аз 50-соли заҳматталаби нодир, меҳнати содиқона ва саҳми арзандаатон дар рушди фарҳангу ҳунари миллӣ, дар дили мардум мақоми хоса пайдо намудаед. Солҳои тӯлонӣ дар саҳнаи театр, кино ва дигар соҳаҳои фарҳангӣ ҳузури созандаи Шумо намунаи омӯзиш ва ифтихори наслҳои ҷавон мебошад, ки чанд шогирдон сабақ гирифтаанд.
Итминон дорем, ки таҷриба ва ҷаҳонбинии Шумо ҳамчун устоди ҳақиқии ҳунар, минбаъд чароғи роҳи санъати тоҷик барои шогирдон ва алоқамандони санъати театр ба фарҳанг хоҳад буд.
Имрӯз, ки 75 - солагии устодро бо садои дил дар фарҳанги тоҷик ҷашн гирифта шуд бо дилпурӣ метавон гуфт, ки зиндагии ӯ намунаи ҳақиқати садоқат ба ҳунар ва фарҳанги миллати тоҷик аст. Ҳунар ӯ на танҳо қалбҳоро тасхир кардааст, балки дар таърихи санъати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
Бо таманнои саломатии бардавом , руҳу илҳоми ҷавонӣ ва идомаи фаъолиятҳои бобарор ва садоқати беназир дар масири пуршарафи санъати театр на танҳо ҳамчун ҳунарпеша, балки чун шахсияти фарҳангсоз дар дилу дидаи мардум ҷой гирифтааст, бурдбориҳо орзумандем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”