
Қолини дастибоф — яке аз муҳимтарин ҷузъҳои фарҳанг ва ҳунари мардумии тоҷикон ва кишварҳои шарқ ба шумор меравад.
Ҳунари қолинбофӣ таърихи қадим дорад. Дар сарзамини Ориёӣ Суғд, Бохтар, ҳазорҳо сол пеш ҳунари қолинбофӣ ривоҷ ёфта буд.
Қолини дастибоф матоест, ки бо даст аз нахҳои табиӣ пашм, абрешим ё пахта бофта мешавад ва барои рангубори он аз рангҳои табии истифода мебаранд. Он на танҳо барои зебоӣ, балки ҳамчун рамзи ҳунар, фарҳанг ва меҳнатдӯстии мардум истифода мегардад.
Нақшҳои қолинҳои тоҷикӣ ва шарқӣ маънои гуногун доранд:
Гули бодом – рамзи ҳаёт ва зебоӣ, Ситора – рамзи осмон ва ҳидоят, Давра ва ромб – рамзи беохирӣ, Бухорои гулдор ва ҳар минтақа нақшу услуби хоси худро дорад.
Қолини дастибоф на танҳо ашёи рӯзгор, балки рамзи зебоӣ, барои ороиши хона, меҳмонхона, ҷузъи ҷиҳози арӯсӣ, арзиши фарҳангӣ ва армуғонӣ, ҳунари занони тоҷик аст.
Аз тарафи Содиқов Ёқубҷон шаҳрванди шаҳри Хуҷанд ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд қолини дастибофӣ қадима ба таври ройгон супорида шуд.
Ин иқдом барои ғани гардонидани фонди Осорхона ва шиносоии таърихи миллати тоҷик, хело муҳим мебошад. Миннатдории кулли кормандони маҷмааро ба ин шахси ватандӯсту ватанпарвар иброз менамоем.
Шовазир Муродҷони – роҳбалади
Осорхонаи таърихии вилояти Суғди
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”