Дарахти чинор як навъи дарахтест, ки зодгоҳаш дар минтақаҳои Осиё, аз ҷумла Эрон, Ҳиндустон ва Покистон мебошад. Чинор дарахти бемева ва пуршоху баргҳои калону васеъи панҷамонанд ба худ хос дорад, ки дар мавсими фасли тирамоҳ сояҳои сурх ва норанҷӣ ба дарахтони ороишии боғҳо мубаддал мегардад.
Бояд гуфт, ки кишвари Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ягона табиаташ аз дарахтони чинор хело бой мебошад, ки онҳо беш аз ҳазор сол умр мебинанд, ки қутраш то 3,5 метр мерасад ва синну соли дарахтонро аз қутрашон муайян мекунанд.
Шояд дар замонҳои даврони шӯравӣ чунин талабот ба миён омада бошад, ки дар марказҳои аҳолинишин, хиёбонҳо дар қади кӯчаҳои мошингузар, даромадгоҳи мактабу боғчаҳо, беморхонаву осоишгоҳҳо ва дар мавзеъҳои боғҳои истироҳатӣ, ки дарахти “дӯстдошта” бошад, бештар шинонида мешуданд. Гуфта метавон, ки солҳои гузашта дар кӯчаҳои маркази шаҳри Хуҷанд дарахтони чинор зиёд буданд, ки имрӯзҳо бо мурури замон ҷояшро дарахтони ҳамешасабзу арчаю сӯзанбарг иваз кардааст . Чунин намуди чинорҳои хурду калонро дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”дидан мумкин аст, ки маъмули меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ гаштааст. Яке аз одатҳои қадимаи мардуми диёрамон ҳамин будааст, ки дар ҷойҳои саршавии чашмаҳо ва инчунин дар ҷойи истироҳати мардум албатта, дарахти чинор мешинониданд, ки дар зери сояаш нишаста роҳату ҳаловат мебурданд.
Зикр намуд, ки дар баъзе фарҳангҳо дарахти чинор аҳамияти рамзӣ доштааст ва бо зебогӣ, пурқувватӣ, умрдарозӣ ва барқароршавӣ низ алоқаманд будааст.
Қобили зикр аст, ки дар деҳоти кӯҳистон мардум аз қадимулайём паҳлуи ҳар як манзил ё чашма дар ҳар маҳаллаву гузар дарахти чинор мешинониданд. Гӯё он рамзе бошад, ки чинор то ҳазор сол умр мебинаду таъсираш ба сокинони он ҷоро дарозумрӣ мебахшидааст. Шояд, барои ҳамин дар кӯҳистони пурчинор шахсони дарозумронро бештар зиёд мушоҳида кард.
Бояд қайд намуд, ки чинорҳо дарахтони вафодори табиату инсонҳо буда, дар фасли гармои тобистон муҳити зистро аз таъсири шуълаҳои гарми нури офтоб муҳофизат намуда, ҳаворо аз оксиген ғанӣ мегардонад. Инчунин гуфт, ки барги дарахти чинор поруи табиӣ ба шумор рафта ба замин андохтани монанди “компост” қабати ҳосилхези заминро баланд бардошта, миқдори кирми лойхурак ва дигар микроорганизмҳои фоидаовари хокро афзун мегардонад. Лек, дарахти чинор бо баргҳои калону васеъи худ машҳур буда, дар моҳҳои фасли тирамоҳ сояҳои сурх ва норанҷӣ тобиш медиҳанд, ки рангҳои фарқкунанда доранд ва ба эҷодиёти рассомону шоирон илҳоми тоза мебахшад. Дарахти чинор ба ғайр аз зебогии эстетикии худ чӯбашро бо далели устуворӣ дар ҳунари дуредгарӣ ва соҳаи саноатӣ истеҳсолотии мебелбарорӣ низ васеъ истифода мебаранд.
Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”