Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Шанбегӣ ва корҳои ободонӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 06 –уми сентябри соли 2025 , дар асоси дастуру супоришҳои МИҲД-и вилояти Суғд,  бо мақсади  сазовор таҷлил намудани  ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию  сарсабзу хуррамгардонии дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд.

Кормандони муассисаи мазкур сарҷамъона ба тозакунии саҳнаи гирду атроф, нармкунии зери дарахтон, даравидани алафҳои ҳамешасабзи майдончаҳои муассисаи мазкур бо техникаи махсус ва гулу гулбуттаҳои ороиши қаблан шинонида шуда, тоза намудан аз алафҳои бегона, рӯбучин намудани роҳравҳои боғи фарҳангӣ ва қалъаи таърихӣ баровардани партоваҳо, инчунин дигар корҳои ободониро бо як мароми тозаву дилгармӣ анҷом доданд.

Зикр намуд, ки шанбегии мазкур аз як тараф ба истиқболи ҷашни бузурги миллат ва аз ҷониби дигар баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ, ҳамчун нишонаи маданияти муҳити зист,  ободу зебо нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаи мазкур ва сабзазоркунӣ мусоидат хоҳад намуд.

Иштирокчиёни ҳашари дастаҷамъона дар ин самт ба ҳашарҳои дастаҷамъона замина мегузоранд. Чунин корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, аҳли кормандони муассисаи мазкур ният доранд, ки ҷашни пурифтихори миллиро бо дастовардҳои назаррас , баҳри ободу зебо гардонидани гӯшаи табиати зебои кишвар ва тозагии он саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Валӣ Набизод – котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesШанбегӣ ва корҳои ободонӣ
Scroll to Top