
Дар асл, тамаддуни мусиқии миллати тоҷик таърихӣ буда, бағоят қадимӣ мебошад. Дар ин боб бозёфтҳои ҳафриёти бостоншиносӣ, манбаъҳои хаттии таърихӣ ва адабӣ осори санъати шеваи ниёгони қадим , ҳамчун рисолаҳои дастраси мусиқӣ ва тамоми ганҷинаи пурсарвати эҷодиёти халқӣ ва халқии касбӣ шаҳодат медиҳад.
Яке аз асбобҳои машҳури халқӣ ин ҷойгоҳи дутор дар мусиқии миллӣ ба шумор меравад, ки соз дар асоси асбоби мусиқии халқии дутора ба вуҷуд омадааст. Дутор сози мусиқии халқи Осиёи Миёна ва дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони Шарқӣ маъмул буда , он аз аҳди қадим чун сози якканавозӣ ва ҷӯршаванда истифода бурда мешавад. Дутор пешинаи чандинҳазорсола дорад, ки асноде ҳаст, ки то се ҳазор сол таърихи ин созро нишон медиҳад.
Зикр намуд, ки дутор ҳамчун асбоби мусиқии дӯстдоштаи мардуми тоҷик, афғон, эрон, ӯзбек, туркман, қароқалпоқ ва ӯйғур ба ҳисоб меравад. Ҳунармандони мардумӣ асосан дуторро аз чӯби дарахтони тут, зардолу ва чормағз месозанд, ки сохтани ин асбоби мусиқӣ заҳматталаб будааст. Зеро ки нозукиҳои худро дорад ва агар ҷойеро хато насб кард, садои оҳанге ки аз дутор мебарояд, хуб садо намедиҳад.
Бале, оё инсон ҳис мекунад, ки ин чӯбу ин ду тор чӣ садои сеҳрангезе аз худ мебарорад, чӣ фиғонеро ба фалак мерасонад ва ба рӯҳи маънавии инсон таъсире мерасонад. Яъне, ки ду тори маҳин ва чӯб , на ҳар тор ва на ҳар чӯб метавонад асбоби мусиқии дутор бошад ва нолаи гиряи қалбро ба гулӯ гиреҳ бизанад. Ин чизи дигар аст, ки ҳунармандони мардумӣ меофаранд онро наметавон бо сухан шарҳ дод. Устоҳои чирадаст, ки аз чӯбу тор бо дастони пурҳунари сеҳрангезашон ҷон медароранд ва ӯ ба сухани маҳин медарояд.
Қобили қайд аст, ки дутори замони пеш аз дутори имрӯза андаке фарқ дошта , пардаҳояш камтар, косааш бузургтар, дастааш кӯтоҳтар ва торҳояш абрешимӣ ё физиллӣ буда бо мизроб навохта мешавад. Устоҳои моҳир дастаҳои дуторро устухонбандиву садафкорӣ намуда бо пулакчаҳои ҷилодор оро медиҳанд. Дутор бо зеҳ пардабандӣ мешавад, ки чун сози якканавозӣ ва ансамблӣ сазои мулоиму форам ва нафису ширадор садо медиҳад.Чунин намудҳои дутор дар толори намоишии Қалъаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дар толори асбобҳои мусиқии миллӣ, дар сафи дигар асбобҳои созии мусиқӣ, асбоби дутор ҷой дода шудааст.
Ёдовар шуд, ки баъди солҳои 50 асри XX хелҳои гуногуни дутор ба монанди дутори алт, дутори бас, дутори контрабас, дутори прима, дутори секунҷа ихтироъ шуданд, ки дар коллеҷу мактабҳои олии мусиқӣ омӯзонида мешаванд ва барои ин сози мусиқӣ китобу дастурҳои таълимӣ эҷод шуданд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”