Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихи зиндаи Қалъаи Хуҷанд

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 01-уми сентябри соли 2025 , бо ташаббуси Назаров Абдушукур Абдураҳмонович – доктори илми иқтисодӣ, узви вобастаи АИ байналмиллалии мактабҳои олӣ, профессори фахрии Донишгоҳи Техас, устоди Донишгоҳи политехникии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, баҳри шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти макони фарҳангии Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ҳайати олимону устодони шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон ташриф фармуданд.

Дар даромадгоҳи бошукуҳи қалъаи таърихӣ, шахсан Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.

Сониян, Дилором Саидова ба ҳайси роҳбалади муассисаи мазкур гуруҳи меҳмононро сайр ва дидан намудан аз толорҳои намоишии қалъаи таърихӣ раҳнамоӣ намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳайати меҳмонон, минҷумла устодон,  Ҷалилов Шерзод- профессор, доктори илмҳои техникӣ, Дилбар Ҳакимова- устоди Донишгоҳи политехникии шаҳри Тошкент ва Хуршеда Ҷалилова- намояндаи парламенти маҷлиси олии кишвари Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуда, аз таърихи бою ғании таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик шинос гардиданд.

Меҳмонон бо шавқу рағбати том, ки  аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик қисса мекард ва бештари ашёҳои қадима хазинаи толорҳои намоишии қалъаи таърихиро ғанитар мекард, маълумоти бештар гирифтанд.

Қалъаи таърихии Хуҷанд дорои садҳо нигораҳо, экспонатҳо бо санъати тасвирӣ, кундалкорӣ , гаҷкорӣ ва амсоли онҳо,  ки маводҳои пурарзиши фарҳангӣ аз ҳаёти гузаштаи ниёгон гувоҳӣ медиҳад ва таърихи зиндаи Қалъаи Хуҷандро инъикос менамояд аз наздик  шинос гардиданд.

Меҳмонон баъди сайри тамошо аз макони таърихӣ бо таманниёти нек ба ҳунари волои ҳунармандони мардумӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ки ба наслҳои оянда интиқол дода мешавад, аҳсан хонда шуд.

Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesТаърихи зиндаи Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top