
Воқеан, истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷикон мебошад. Ин ганҷинаи бебаҳост, ки бо баробари ба даст овардани нури зиё, меҳру муҳаббат, ободиву озодӣ, ҳамфикриву созандагӣ ва осоиштагиро ба мардуми зафарманди тоҷик ва Тоҷикистони азиз фароҳам овард. Даврони истиқлол роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти ояндаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Қобили қайд аст, ки бо шарофати ба даст овардани истиқлол ба наврасону ҷавонони кишвар имконияти васеъ муҳайё гардид, ки дониш, илму маърифат ва маҳорати касбии хешро дар ҳама самтҳо инкишофу равнақ диҳанд. Бояд кишвари маҳбуби худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, ҳамеша пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи неку дурахшон устуворона собитқадам бимонанд.
Зикр намуд, ки истиқлол зиндагии тангу нооромии мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреби зиндагӣ ва ватани маҳбубамонро ба як макони беназиру бемислу монанд ва ба макони меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар ин муддати соҳибистиқлол сарзамини кишвари маҳбуб дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои рушд ноил гардид.
Кишвари Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлоли дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти тавоно тавонист, ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмиллалӣ барои худ касб намояд. Имрӯз ба баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли ҷаҳониён мешиносанд.
Зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 –уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро эълон кард ва саҳифаи навине дар ҳаёти мардуми заҳматкашаш боз намуд. Истиқлоли давлатӣ, ки орзуи мароми ҳамагонии ҳар як миллати озодахоҳ мебошад, ки бо надоштани ҳар гуна дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ комилан рушд нахоҳад кард.
Даврони истиқлол барои мардуми тоҷик имкониятҳои воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзаву ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари Тоҷикистони маҳбубро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб менамояд. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик рамзи олии Ватану ватандорӣ , давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро омӯзонида , меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Истиқлоли давлатӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзу асолату ҳувият, ормонҳои таърихиву фарҳангӣ, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми мардуми кишвари Тоҷикистони ободу озод имрӯз ифтихор доранд, ки сию чаҳор сол пеш нахустин хишти пойдевори истиқлоли воқеии худро гузошта бо шарофати мустақилият соҳиби рамзу нишонаҳои давлатӣ – Парчам, нишон ва суруди миллӣ гардид.
Бо шарофати соҳибистиқлоли кишвари Тоҷикистон аъзои чандин созмонҳои байналмиллаӣ гардид.Гуфтан ба маврид аст, ки равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро қариб бо тамоми давлатҳои дунё ба роҳ монда, баҳри боз ҳам рушд намудани сиёсати хориҷӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои мухталиф корҳои арзандае ба сомон расонид.
Метавон гуфт, ки акнун замоне расидааст, ки мардум бо меҳру муҳаббати тоза ба ояндаи нек нигарад, дидаи умед ба фардои беҳтар, фардое ки сарнавишти худро бо дастони худ бисозад ва вобастаги ба касе надорад. Лек, чанд гуруҳи душманони аёну ноаён дар тӯли таърих ба ин сарзамини биҳишторо ва ба ин миллате, ки аз азал соҳиби тамаддуни воқеии марзу бум буд, нигоҳи ғаразона доштанд. Онҳо намехостанд бо умеду мақсадҳои нопоки худ давлати навбунёд бунёд гардад. Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фашангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳанги кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифт.
Қобили зикр аст, ки самараи неки истиқлол ин аст , ки имрӯз Тоҷикистонро дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳофар мешиносанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони башар гашт, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад. Албатта, ҳар яки мо аз ин давлати соҳибистиқлол ифтихор ва кӯшишу ғайрат намуда, чун гавҳараки чашм Ватани маҳбубамонро ҳифз ва ҳимоя намоем.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”