
Дар сару либоси анъанавии тоҷикӣ намудҳои зиёди сарпӯш ҷойи намоёни худро дошт. Мардон вобаста ба мавсими сол сарпӯшҳои гуногун мепӯшиданд.
Салла як ҷузъи муҳими сарпӯши анъанавӣ аст, ки аз пораи матоъи шаклу андозаашон гуногун дар атрофи сар аз болои тоқӣ ва ё арақчин печонида шуда, як нӯги он аз тарафи чап овезон мемонд. Матоъи салларо аз маводҳои гуногун, ба монанди: пахта, пашм, абрешим тайёр менамуданд.
Саллаҳои нимабрешимӣ (саллаи пешоварӣ) дуранга буданд: хокистарранг – кабудтоб, ки аз катакчаҳои майда иборат буда ва сиёҳу хокистарранг. Дар шаҳри Хуҷанд матои нимабрешимии кабуд ё хокистаррангу сафед бо катакчаҳои ниҳоят хурд (чашми булбул) ва матои абрешимии зарду норинҷӣ барои саллаҳо истеҳсол мешуданд. Салла ҳамчун сарпӯши анъанавии мардона то миёнаҳои асри ХХ истифода мешуд. Тарзи печонидани салла аз вазъи иҷтимоӣ, касб ё мансубияти динӣ фарқ мекард.
Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” намуди зиёди саллаҳо маҳфуз буда, дар толори намоишӣ низ ба маърази томошо гузошта шудаанд.
Исломова Сайфияхон - корманди илмии шуъбаи
таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”