
Ҳаккокӣ - яке аз ҳунарҳои бостонӣ ва пурқимати мардуми форсизабон аст, ки дар тӯли таърих на танҳо чун воситаи зебоӣ ва эҷод, балки ҳамчун як шеваи ифодаи шахсият ва фарҳанги миллӣ шинохта шудааст. Ин ҳунар ба воситаи нақшофарии рӯи металл, санг, чӯб, шиша ва дигар мавод арзишҳои бадеӣ ва зебошиносии амиқи фарҳангии моро таҷассум мекунад.
Дар кишвари мо баъди эълон намудани солҳои 2019-2021 солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин ҳунари нафис рушд кард ва анъанаҳои пешиниён бо эълон шудани ин солҳо ҳамчун соли ҳунарҳои мардумӣ густариш пайдо кард. Имрӯзҳо низ ба ин ҳунари аҷдодӣ эътибор медиҳанд ва дар ҳоли тараққӣ аст. Мо намудҳои зиёди ашёҳои ҳаккокишударо дар саросари кишвар метавонем мушоҳида кунем, ки бозгӯи тарақӣ ва инкишофи ин ҳунар маҳсуб мешавад.
Дар Осорхонаи таърихи вилояти Суғд низ намудҳои гуногуни ашёҳои ҳаккокишуда ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст, ки яке аз онҳо ин лагани мисини ҳаккокишуда мебошад. Ин экспонат соли 1966 аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи шаҳри Қӯқанд – Назарова Назира харидорӣ шуда, ба қатори маводҳои ҳаккокишудаи осорхона ворид гардидааст.
Ин лагани мисин соли 1143/1730 аз тарафи усто Имомназар сохта шудааст. Аммо сабаби ба мо номаълум соли сохташавии онро ғалат ҳисоб кардаанд, яъне соли 1313/1896 сабт кардаанд. Дар гирдогирди ин лаган ду рубоӣ хело зебо бо хати форсӣ моҳирона ҳаккокӣ шудааст, ки дар зер меоварем:
Эй хоҷа ки ақлу хираду ҳушат бод,
Ғамҳои ҷаҳон ҷумла фаромӯшат бод.
Ҳар кӣ бад-ин табақ насибе аҳли таом
Ҳар чиз к-аз ин табақ хурӣ нӯшад бод
***
Давидам дар талаби лаб, лаби шакарлаб
Гуфт: Ваҳ, ваҳ,ваҳ,
Ба бӯстон меравад ду дилбаре бо ноз қаҳ, қаҳ, қаҳ,
Лабаш қаҳ, қаҳ, рухаш маҳ, маҳ, қадаш чун сарв лаҳ, лаҳ, лаҳ,
Хиромонвор кавкаб каб вале дар ними шаб, шаб, шаб
Намудҳои зиёди чунин ашёҳои ҳакокишударо низ метавон дар толори намоиши МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” мушоҳида кард, ки дар ду зершиша ба намоиш гузошта шудаанд.
Исобоев Даврон – мудири шуъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”