Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Суғд – чорроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи 14-уми июл дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён” Бизнес – Форум дар мавзӯи “Суғд – чорроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим” бо иштироки меҳмонони экспедитсияи сайёҳии “Саёҳат ба қалби Авруосиё - 2025” баргузор гардид.

Дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон иштирок намуданд. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар форум зимни иштирок суханронӣ карда, меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам намуд.

Назаралиев Ислом Замирович – Раиси Шӯрои ҳамкории Русияву Тоҷикистон, Раиси комитети ташкилии экспедитсияи байналмилалии “Саёҳат ба қалби Авруосиё”, Ахмедов Шарифҷон Насимович – Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилояти Суғд, Юсупов Ҷамшед Мӯминҷонович – Роҳбари Ассотсиатсияи рушди сайёҳии “Зарафшон”, Колесников Дмитрий Виталевич - Раиси Шӯрои директорон - Cromwell Hotel Group Федератсияи Русия дар Форум иштирок ва маърӯзаҳо намуданд. Ҳамчунин Иброҳимов Иброҳим Сангинович - Омири  кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва Нурулло Маҳмудов – корманди илмии муассиса дар Форум иштирок карда, дар мавзӯи “Куҳандиси Хуҷанд – оинаи таърихи бостонӣ ва меъморӣ” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуданд. Дар доираи Форум ба иштирокдорон видеофилми “Вилояти Суғд - имрӯз” гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои асосии ҳамаи кишварҳои иштирокдори форум таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ ташаккул ва муаррифии тамғаи миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Бузурукова Наргисахон - китобдори
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”































Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСуғд – чорроҳаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим
Scroll to Top