Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаҳои 12 – 14 июли соли равон ташрифи ҳайати экспедитсияи сайёҳии “Сайёҳӣ ба қалби Авруосиё - 2025” дар вилояти Суғд доир мегардад.

Зимни ин ташриф ҳайати меҳмонон боздидро аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз намуданд. Меҳмононро аз дарвозаи асосии Қалъа бо нону асал, гулу гулдастаҳо ва қироати шеър пешвоз гирифтанд. Ҳайати меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо ҳамроҳонаш ҳамроҳӣ намуданд.

Дар даромадгоҳи қалъа меҳмононро Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов истиқбол намуда, меҳмононро ба ин манзили таърихӣ хайрамақдам намуд.

Сараввал, меҳмонон аз толорҳои намоишии бинои асосии Қалъаи Хуҷанд дидан намуда, бо таъриху тамаддуни бойи нотакрори ҳунармандони мардумӣ, ба монанди: наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди чӯб, гаҷкорӣ, санъати тасвирӣ, ки анъанаҳои мардумии қадимаро бо маҳорати баланди эҷодӣ таҳия ва аз осори таърихӣ гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудааст, шиносоӣ пайдо намуданд.

Баъди шиносоӣ аз толорҳои қалъаи таърихӣ меҳмонон аз растаҳои намоишии маҳсулоти саноатӣ, ҳунармандони мардумӣ, ки аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ ва дар доираҳои гуногуни аҳли ҳунар бо намунаҳои гуногуни маҳсули дасти ҳунармандон, косибон ва ширкатҳои мухталиф маҳсулотҳои хешро манзур намуданд, аз наздик шинос шуданд.

Ҳамчунин меҳмононро дар даромадгоҳи ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, ба амсоли ҳавлии наққошӣ, қолинбофӣ, ҳавлии тоҷир, бофандагӣ, дуредгарӣ, кулолгарӣ, дӯзандагӣ, ҳаммому ҳавлии адибон бо шеъру суруд ва дастархони пур аз нозу неъмати миллӣ пешвоз намуда, онҳоро бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои гуногуни халқи тоҷик шинос намуданд.

Бояд гуфт, ки Экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз гардида, тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Ҳадафи он шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии минтақаҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бои таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дорад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меорад.

Бузурукова Наргисахон - китобдори
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesСаёҳат ба қалби Авруосиё – 2025
Scroll to Top