Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фарҳангномаю энсиклопедияҳо дар китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҳамарӯза ба масъалаҳои нигоҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Китобхона, махзани китоб, муассисаи илмӣ ва маданию маърифатӣ, ки ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва истифодаи оммавии ҳама гуна маҳсули эҷодиро ба роҳ мемонад. Китобхона ҳамчун махзани ёдгориҳои хаттӣ дар замони қадим пайдо шудааст. Нахустин Китобхонаҳо дар Шарқи Қадим (Байнаннаҳрайн) ба вуҷуд омадаанд, ки машҳуртарини онҳо Китобхонаи Ошурбанипал дар Найнаво (асри 7 то милод) буд. Ҳамчунин Китобхонаи Арасту дар Юнони Қадим ва Китобхонаи Искандария дар Миср (асри 4 пеш аз милод) он замон шуҳрати бузург доштанд.

Яке аз ин маъхазҳои арзишманду ғанӣ китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, ки садҳо китобҳои таърихиву фарҳангӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангномаҳову донишномаҳо мавриди истифодаи хосу ом қарор гирифтааст.

Мо кӯшиш намудем, танҳо фарҳангномаву энсиклопедияҳое, ки дар китобхонаи илмӣ маҳфуз аст, мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Дар китобхонаи ёдшуда фарҳангномаҳое, монанди: “Фарҳанги осори Ҷомӣ” (1983-1984), “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ”(2005), “Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ” (2006), “Фарҳанги имлои хатти форсӣ ба сиррилики тоҷикӣ”(2009), “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (2010), “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (2015), “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” (2015) ва энсиклопедиҳо, монанди: “Энциклопедический словарь” (1890-1907), “Большая энциклопедия” (1900-1909), “Большая советская энциклопедия” (1950-1958), “Энсиклопедияи советии тоҷик” (1978-1988), “Энсиклопедияи адабиёт ва санъат” (1986-2004), “Энсиклопедияи Кӯлоб” (2006), “Энсиклопедияи миллии тоҷик” (2011-2017) маҳфуз ҳастанд, ки кормандон ва донишомӯзону таълимгирандагон аз он истифода мебаранд. Ба ин хотир, дар зер энсиклопедия ва фарҳангҳое, ки дар китобхонаи мавриди назар қарор доранд, шарҳу тавзеҳ намоем:

а) Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи тӯлонӣ ва нақши арзанда дорад. Фарҳангу луғатномаҳои зиёде, ки аз тарафи луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳури давраҳои гуногуни рушди забони мо таҳия шудаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ буда, то имрӯз таърих ва шаклу гунаҳои мухталифи вожасозиву калимасозӣ ва истилоҳофаринии забонро аз рӯи онҳо меомӯзанд. Дар фарҳангу луғатҳои гуногуншакл муаллифони пешин тағйиру таҳаввулоти бахши вожагони забон ва калимаҳои навсохту навпайдои замони худро бо шарҳу тафсир сабт карда, барои нигоҳдориву такмил ба ояндагон мерос мондаанд. Фарҳангҳое, ки дар китобхонаи мо нигоҳдорӣ мешаванд, ба қарори зайл ҳастанд:

1. “Фарҳанги осори Ҷомӣ” фарҳанги тафсириест, ки мувофиқи принсипҳои навини лексикографӣ таълиф шуда, бештар аз 15 ҳазор калимаю ибора, баъзе истилоҳоти муҳими соҳаҳои гуногуни илм ва дигар мафҳумҳои услубии осори Ҷомиро шарҳу эзоҳ медиҳад.

Фарҳанг барои мутахассисони соҳаи филология, муҳаққиқону тарҷумонҳои адабиёти классикии форсу тоҷик, муаллимон, донишҷӯён ва муҳассилини мактабҳои миёнаву олӣ, инчунин барои доираи васеи ҳаводорони назму наср тасниф шудааст.

2. “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ” аз ду ҷилд иборат аст ва беш аз 70 ҳазор калимаи забони арабиро дар бар мегирад. Фарҳанг дар асоси решаи калимаи арабӣ тартиб ёфтааст. Дар замима мифтоҳи феълҳои фарҳанг, солшуморӣ (тақвим) дар забони арабӣ ва маълумоти мухтасар доир ба давлатҳои араб, очерки мухтасари грамматикаи арабӣ ва дигар маълумотҳо ҷой дода шудааст.

3. “Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ”, ки дар китобхона махфуз аст, нашри дувум буда, аз ду ҷилд иборат ва наздик ба 70 000 калима, ибора, таркиб, зарбулмасалу мақол ва ибораҳои маҷозии забони тоҷикиро бо тарҷума ва шарҳу русии онҳо фаро мегирад. Фарҳанги мазкур комилтарин манбаи чопӣ дар бахши луғоту истилоҳоти забони тоҷикии муосир ва давраи классикии он мебошад.

4. “Фарҳанги имлои хатти форсӣ ба сиррилики тоҷикӣ” бар асоси тартиби ҳуруфи сириллик алифбоӣ шудааст. Бо кӯшиши Ҳасан Қарибӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, соли 1387 ба табъ расидааст. Ин фарҳанг бар асоси “Фарҳанги имлоии хатти форсӣ”-и Алиашрафи Содиқӣ ва Заҳро Зандии Муқаддам тасниф намудаанд, интишор ёфтааст.

5. ”Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” аз ду ҷилд иборат буда, беш аз 800 ҳазор вожаву ибора ва таркибҳои забони тоҷикиро фаро гирифта, аз лиҳози сохтор калимаву таркиб ва ислоҳоти ҳам давраи классикии инкишофи забон ва ҳам давраи муосири рушди онро дар бар гирифтааст.

6. “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” аз се ҷилд иборат буда, дар он доир ба анъанаҳо, урфу одатҳо, маросимҳо ва дигар суннатҳои миллии мардуми тоҷик маълумот дода, хонандаро бо таърихи ташаккули фарҳанги миллиамон шинос менамояд.

7. “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ” соли 2015 аз чоп баромада, дорои 736 саҳ. аст. Дар ин фарҳангнома беш аз 16 ҳазор вожаву ибораҳое, ки дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ба кор бурда шудаанд, шарҳу маънидод гардидааст. Фарҳанг бо шеваи муосири фарҳангнигорӣ таълифу тадвин шуда, арзиши хосаи илмӣ низ дорад. Ба ҳам омехта шудани шеваи луғатнигорӣ бо шарҳнивисӣ аз вижагии тозаи ин фарҳанг аст. Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ, ки дар натиҷаи пажӯҳиш ва заҳматҳои чандинсолаи фарҳангнигор ва шоири донишманди тоҷик Абдуҷаббори Суруш таълиф гардидааст, маводи арзишманд барои такмили фарҳанги ҷомеъи забони китобии форсии тоҷикӣ мебошад.

б) Мафҳуми “энсиклопедия” ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунё мебошад. Китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузъитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин, барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. Энсиклопедияҳое, ки дар китобхонаи мо нигоҳдорӣ мешаванд, дар зер муаррифӣ мешаванд:

1. “Энциклопедический словарь” аз 82 ҷилд иборат аст ва солҳои 1890-1907 нашр гардидааст. Китоб бо саъю кӯшиши Ф.А. Брокгауз ва И.А. Ефрон таҳия шудааст.

2. “Большая энциклопедия” аз 22 ҷилд иборат буда, солҳои 1900-1909 зери таҳрири як роҳбар Южаков Сергей Николаевич нашр гардидааст.

 3. “Большая советская энциклопедия”. Ин китоб нашри дуюм буда, аз 52 ҷилд иборат мебошад ва солҳои 1950-1958 нашр гардидааст. Китоб аз 100 000 мақола, 40 852 тасвирҳо, 2362 харитаро шомил мебошад.

4. “Энсиклопедияи советии тоҷик” аз зумраи чунин энсиклопедияҳое мебошад, ки аз ҳашт ҷилд иборат буда, дар он асосан мақолаҳо доир ба Тоҷикистон, таърихи ҷумҳурӣ, ҷуғрофия, иқтисодиёт, илму техника, маданият, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти шахсони бузург, адибон ва санъатварони машҳур акс ёфтаанд.

 5. “Энсиклопедияи адабиёт ва санъат” аз 3 ҷилд иборат буда, тавсифи давраҳои мухталиф - адабиёт ва санъати қадим, асрҳои миёна ва советии тоҷик, равияву ҷараёнҳои адабӣ, жанр, истилоҳот ва образҳои барҷастаи адабиёту санъат, ҳунари тасвирию меъморӣ санъатшиносӣ ва соҳаҳои ба санъат оид ба археология ва этнографияро дар бар мегирад. Дар китобхонаи илмии осорхона 2 ҷилди китоб маҳфуз мебошад.

6. “Энсиклопедияи Кӯлоб” нахустин китоби энсиклопедии Кӯлоб ба ҳисоб рафта, соли 2006 аз чоп баромадааст. Энсиклопедия 640 саҳифаро доро буда, бо тасвирҳо нашр гардидааст.

 7. “Энсиклопедияи миллии тоҷик” яке аз дастовардҳои илмиву фарҳангӣ буда, дар саҳифаҳои он бахше аз матолиб оид ба таърихи ҷаҳон, муҳимтарин дастовардҳои илму техника ва фарҳанги ҷаҳонӣ, ҳаёт ва кору пайкори нобиғагони ҷаҳонӣ, ки аз ҷиҳате ба ҳаёти миллати мо иртибот доранд, сабт гардидааст. Ҷилди аввали энсиклопедия соли 2011 чоп гардида, ҷанбаи илмию оммавӣ дошта, он доир ба гузаштаи кишварамон, таърихи давлатдории навини миллатамон, аз ҷумла дигаргуниҳои бисёри сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву таърихӣ ва таҳаввулоти илмиву фарҳангии дар бист соли охир бавуҷудомада маълумот медиҳад. Нашри “Энсиклопедияи миллии тоҷик” дар 25 ҷилд дар назар дошта шудааст.

Чуноне ки қайд гардид, фарҳангномаву энсиклопедияҳо аз сарчашмаҳое маҳсуб мегарданд, ки симои фарҳангу оин ва тамаддуни миллатро муаррифӣ менамоянд. Аз ин ҷиҳат бояд ба навиштаҳои бузургону донишмандон арҷ гузошт.

Бузурукова Наргисахон - китобдори
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesФарҳангномаю энсиклопедияҳо дар китобхонаи илмии Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top