
Ҳамасола дар толори пазироии Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба рӯзҳои ҷашнию таърихӣ гӯшаи намоишӣ ташкил карда мешавад. Бахшида ба муносибати 28 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ гушаи намоишӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – заминаи боэътимод ва рушди устувори давлат”созмон гардид. Дар гӯша китобҳое, ки доир ба Ваҳдати миллӣ интишор гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.
Мақсад аз ташкил намудани гӯшаи мазкур баланд бардоштани руҳияи ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ ва ватандорӣ мебошад.
Бузрукова Н – китобдори МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»