Дар асоси қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, нуқтаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” баён намуданд, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.
Бо Қарори Раиси вилояти Суғд таҳти №190 аз 13.04.2015 Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯмон Неъматов” ҳамчун муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ, “Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ҳамчун муассисаи фарҳангӣ – фароғатӣ ва мавзеи таърихии хусусияти ҷумҳуриявидоштаи “Қалъаи Хуҷанд” буда, барои рушди илму фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дорои сомонаи алоҳида, ки дар шабака бо суроғаи www.qalai-khujand.tj Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фаъолият менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2025, сенарияи вохӯрӣ ва конфиренсияи илмӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Аз тарафи ходимони илмии шуъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуд. Экспонатҳои асосии соли 2024 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар осорхона ва берун аз он аз фонди осорхона 1047 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.
Миқдори умумии нигораҳои фонди осорхона 22897 адад буда, аз миқдори умумии экспонатҳо 17418 адад фонди асосӣ ва 5479 адад фонди ёрирасонро дарбар мегирад.
Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Султон Умаров – дар соҳаи илм”, “Чанд сухан оиди китобҳои чопи сангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Аз таърихӣ қолинбофии халқҳои Осиёи Миёна”, Намунаи санъати меъмории халқи тоҷик дар Қалъаи Хуҷанд”, Миниатюранигорӣ дар мероси хаттии тоҷикон” аз маводҳои фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, “Инъикоси ҳунарҳои мардуми дар ҳавлиҳои Қалъаи Хуҷанд” (Ҳавлии дӯзанда) таҳия карда шуданд.
Санаи 31 март дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони олиқадри тантанаҳои наврӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Калъаи Хуҷанд” ташриф оварда, бо иншооти муҳташами фарҳангӣ ва намоишӣ, маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик, қирғиз ва узбек шинос шуданд.
Меҳмонон низ аз маҳаллаҳои ҳунармандон бахусус хонаи наққошон ва қолинбофон дидан намуда, бо анъанаҳои ниёгони мардуми халқи тоҷик шинос шуданд. Дар рафти боздид ба сарони давлатҳо оид ба таърих ва пайдоишӣ ҳар як намуди ҳунарҳои мардумӣ, ки то имрӯз ҳифз шудааст, маълумот дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1-маротиба конфронси илмӣ, 3-маротиба вохӯрӣ, 4-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд.
Дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 53825 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 20256 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 10538 нафар тамошобинон 309 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 43287 нафар буда, 1925 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ҳайъати намояндагони вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳайъати намояндагони вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эльза Пиньол, иштирокчиёни Форуми занон таҳти унвони “Наврӯз – иди занони ваҳдатсаро”, гурӯҳи меҳмонон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Руссия Минниханов Рустам Нургалиевич, ҳайъати намояндагони вилояти Витебски Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси вилояти Витебск Дурнов В.В., ҳайъати намояндагони вилояти Тюмени Федератсияи Россия бо роҳбарии Раиси вилояти Тюмен Пентелеев А.В., ҳайъати намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Директори МД Маркази рушди содирот ва пешбурди он “Кыргиз-экспорт” дар назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Такиров У.К., ҳайъати намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии Раиси вилояти Минск Кушнаренко А.И., ҳайъати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба намуди варзиши Дзюдо, ҳайъати намояндагон ва иштирокчиёни XI Ярмаркаи байналмиллалии савдо “Суғд - 2025” ва дигарон ташриф оварданд.
Аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба 7-ситора, ТВ “Азия”, ТВ “Синамо” доир ба фаъолияти муассиса мусоҳиба доир гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хабарнигорони ТВ Суғд, Сафина, Синамо, СМ-1, Азия гузоришҳо аз фаъолияти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” омода ва пахш гардид.
Кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ корҳои назаррасро ба сомон расонида, толорҳои намоиширо бо нигораҳои нав қабулшуда муҷаҳҳаз гардониданд.
Китобхонаи илмии маҷмаа фаъолияти пурсамар дошта, бо ҳамкории шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа дар ташкил ва баргузории вохӯриҳо ва созмон додани гӯшаҳои намоишии ҷашнвораҳо саҳм гузошта, ба сомонаи маҷмаа 191 адад мақола ва хабарҳои тозаи фарҳангӣ-таърихиро ворид намуданд.
Дар саросари ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Сайри гули лола» гузаронида мешавад, ки баҳри сабз нигоҳ доштани боғҳои фарҳангӣ ва фароғати мусоидат мекунад. Озмун дар ду давр аз рӯи 8 номинатсия баргузор мегардад.
Дар давраи вилоятии озмуни мазкур дар номинатсияи “Боғи беҳтарин” Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовори ҷои аввал гардида, бо дипломаи дараҷаи I ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Дар давраи ҷумҳуриявии озмун дар номинатсияи “Боғи беҳтарин” Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сазовори ҷои дуюм гашта, бо димпломи дараҷаи II ва мукофотпули қадрдонӣ карда шуд.
Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ зиёда аз 375000 гулҳои мавсимӣ аз қабилӣ петуня, салвия, тагес, катарантус, 1700 бех садбарг, 60 бех Тоҷихурӯс, 12 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, 25 бех дарахти Павлония, 19 бех дарахти Каталпа, 60 бех дарахти Сафедор, 16 бех дарахти Бед, 1 бех дарахти Магнолия ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуданд. Дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуданд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда, дар ин давра таъмири шифти даромадгоҳи боғи фарҳангию фароғатӣ, шифти мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ, бинои ёрирасони маркази техникию иттилоотӣ ва ҳоҷатхонаи марказӣ гузаронида шуд. Тасполакҳо ва бардюрҳои роҳравҳои ҳудуди маҷмаа таъмир карда шуданд.
Ҷӯи Раззоқи ҳудуди боғ ва фаввораҳо бо пуррагӣ аз таъмир бароварда шуда, партовқуттиҳои корношоями пластикӣ иваз карда шуданд. Қуббачаҳои панҷараи иҳотавии ҳудуди маҷмаа рангубор ва сафед карда шуданд.
Сутунҳои равшанидиҳандаи ҳудуди боғ ва таршерҳо, нишастгоҳҳо рангубор карда шуда, обпошакҳои ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра иваз карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳудуди Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ мунтазам бо маьлулҳои махсуси безараргардонӣ коркард карда шуда истодааст.
Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Нодира Олимова - ҷонишини омир оид
ба корҳои илмии Осорхонаи таърихии
вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”