(аз маводҳои фонди Осорхонаи таърихи вилояти Суғд)
Минётур ё миниатюра (аз калимаи лотинӣ minium – ранг, шангарф), асари хурди рассомиест, ки бисёр зарифу равшанбаён аст.
Миниатюранигорӣ (ё ҳунари миниатюра) як ҷанбаи нозуки санъати тасвирӣ мебошад, ки расмҳоро бо андозаи хеле хурд, вале бо тафсилоти бисёр зебо ва мураккаб тасвир мекунад. Ин ҳунар махсусан дар фарҳанги форсӣ, тоҷикӣ, туркӣ ва ҳиндӣ рушд кардааст ва ҷузъи муҳими санъати китобсозӣ ва иллюстрация дар осори адабӣ ба ҳисоб меравад.
Миниатюра ин тасвирҳоест, ки барои ороиши дастхатҳову чопи сангӣ, пурра сохтани тафсири мазмун кашида мешуданд.
Ба миниатюраҳо ба ғайр аз аксҳои инсон манзараҳои зебои табиат бо ҷузҳояшон ва нигоришоти графикӣ, ки бо мино (ранги махсуси ороишӣ) ё рангҳои обии махсус сайқал дода мешуд, дохил мешаванд.
Миниатюра аз замонҳои қадим яке аз ҷузъҳои ороишии китобҳои бадеӣ дар Мисри қадим, Юнон, Туркия, Ҳиндустон, Афғонистон ва ҳудуди Тоҷикистону Ӯзбекистони имрӯза маълум буд.
Ҳамчунин, дар Рум, Руси Қадим ва Арманистон низ миниатюраи китоб васеъ истифода мегардид.
Дар мамлакатҳои Шарқии мусулмонӣ бо динӣ ислом равобит надошт ва тамоми китобҳои динӣ бе миниатюра буд, зеро мувофиқи аҳком кашидани тасвир дар китобҳои динӣ манъ буд. Аввалин китобҳои миниатюрдори асримиёнагии Шарқ ин асарҳои илмӣ-табииётӣ ва тарҷумаҳои арабии рисолаҳои тиббӣ, нуҷумӣ ва физикии Юнон буданд. Сипас як қатор асарҳо бо ин тарз нигориш ёфтанд. Ба монанди “Таърихи Табарӣ”, “Ҷомеъ-ут-таворих”-и Рашидуддин, “Зафарномаи”-и Яздӣ ва ғ. Бештар дар ороиши асарҳои бадеии манзум аз қабили “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Хамса”-и Низомӣ, “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Хамса”-и Алишери Навоӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ ва диг. Достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, девони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Фаридуддини Аттор, рубоиёти Умари Хайём ва амсоли инҳо минётурнигорӣ ривоҷ ёфт.
Дар ҷараёни инкишофи минётура доираи мавзӯоти он доманадор шуда, тасвири саҳнаҳои рамзӣ, ҷанги тан ба тан, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳои қабул, базм ва ғ. мавриди тасвир
Дар таърихи санъати минётуранигорӣ номи бисёр мусаввирони бузурги пурҳунар аз қабили Абулҳайё Ҷунайдӣ Султонӣ, Мираки Наққош, Камолуддини Беҳзод, Саидғиёси Самарқандӣ, Султонмуҳаммад, Абдуллоҳи Мусаввир, Маҳмуди Музаҳҳиб ва диг. сабт гардидааст, ки барои равнақи ин санъат ҳиссагузорӣ кардааст.
Намунаҳои қадимтарини минётурнигорӣ халқҳои Эрон ва Осиёи Миёна, то замони мо омада нарасидааст, аммо ба таваҷҷуҳ ба дастхатҳои мусаввири маълуми баъдина гуфтан мумкин аст, ки аввалин минётурнигорӣ дар асари “Варқа ва Гулшоҳ”-и Айюқӣ мушоҳида мешавад, ки муталлиқ ба нимаи дувуми асри XII ва аввали асри XIII мебошад. Аз нишонаҳои нахустини минётурнигории Эрону мамлакатҳои Осиёи Миёна бармеояд, ки минётураҳо дар ҳар давра хусусиятҳои худро доштанд ва ҳар як минётуранигор вобаста ба даври хеш минётураро меофарид. Давраи равнақ ва нашъунамои минётуранигорӣ ба асрҳои XIII-XV рост меояд, ки дар Шероз, Бағдод, Ҳироту Самарқанд марказҳо дошт ва махсусан дар давраи Камолиддин Беҳзод ва доираи эҷодии ӯ ба пояи баланд расид.
Дар нимаи дувуми асри XVI доираи истифодаи минётура васеъ гардид. Шурӯъ аз ҳамин давра минётуранигорӣ танҳо дар ороиши китобҳои бадеӣ маҳдуд нашуда дар варақаҳои алоҳида низ кашида мешуд. Баъд аз асри XVII минётуранигорӣ шаклан ва мазмунан мекоҳад, зеро он кори пурмашаққату дақиқ буда, аз ҳунарманд маҳорати баланди рассомӣ ва табъи шоириро талаб мекард. Ба ғайр аз истеъдоди мусаввирӣ ва табъи бадеӣ аксари минётуранигорон ҳунари таҳия намудани қоғази хушсифатро низ доштанд.
Тарзи тайёр намудани минётуранигорӣ дар он давра, яъне баъд аз асри XVII чунин буд. Сараввал минётурнигор ба рӯи қоғаз тарҳи тасвири ояндаро бо об мекашад, сипас баъди хушкидани он пайи оби ба рӯйи қоғаз мондаро бо рангҳои пасти сурх ё сиёҳ аёнтар месохт. Баъдан ба варақ оҳару сафедии тухмро, ки пештар омехта намудаи хуб ҳалшударо мемолиданд. Пас аз хушк гардидан тасвирро бо булӯр сайқал медоданд.
Санъати минётурнигорӣ дар баъзе аз ҳошияҳои китоб низ дида мешавад, ки ба ҳунару истеъдоди мусаввир вобастагӣ дорад. Бузургтарин марказҳои маданият ва санъати минётурнигории Шарқи Наздику Миёнаи он давр Бағдод, Табрез, Шероз, Самарқанд, Ҳирот, Бухоро, Машҳад, Қазвин ва Исфаҳон буданд, ки дар ин марказҳои маданӣ санъати минётурнигорӣ сабку услуби муайянеро соҳиб шуда, шакли мукаммал гирифт. Ин марказҳои маданӣ тадриҷан бо муваффақиятҳо ва падидаҳои эҷодӣ ҳамдигарро ғанитар гардонида вобаста ба муҳити таърихӣ инкишоф ёфтанд. Ин аст, ки намунаҳои нодири осори гаронбаҳои ин мактабҳои бузург дар осорхонаву китобхонаҳои Лондон, Париж, Ню-Йорк, Вена, Теҳрон, Қоҳира, Истамбул, Санкт-Петербург, Москва, Тошканд, Боку ва Душанбе маҳфузанд.
Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки дар он 474 адад китобҳои дастхату чопи сангӣ ҷамъоварӣ шудааст, дар байни ин китобҳо низ санъати минётуранигорӣ мушоҳида мешавад, ки хеле зебову истифода шудааст. Масалан, китоби “Маҷолис-ул-ушшоқ”-и Гозаргоҳӣ, ки яке аз осори маъруфи адабӣ ва тасвирии асрҳои миёнаи исломӣ аст, ки аҳамияти хос дар таърихи адабиёт, ирфон ва санъати миниатюранигорӣ дорад. Дар ҳар маҷлиси ин китоб ба алоҳидагӣ мувофиқа бо он миниатюраҳои хос ба ҳамон маҷлис истифода шудааст. Ё “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, ки ҳамин усул ин санъат истифода шудааст. Чанд намунаҳои китоб, ки дар он санъати миниатюранигорӣ истифода шудааст дар зайл меоварем “Султон Гӯруғлӣ”, «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, “Варқа ва Гулшоҳ”-и Айюқӣ, “Аҷоиб-ул-махлуқот”, “Маснавӣ”-и Муҳаммадия, “Хамса”-и Низоми Ганҷавӣ ва ғ.
Исобоев Даврон – мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”