Санаи 30 – майи соли 2025 тибқи барномаи чорабинии гуруҳи дастаи калони мунтахаби кишвари Тоҷикистон оид ба намуди варзиши дзюдо аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи саҳнаи қалъаи таърихӣ Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳим Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд.
Сониян, Алишери Меҳринисо- роҳбалади муассисаи мазкур меҳмононро аз толорҳои намоишӣ шинос намуд. Бояд зикр намуд, ки қалъаи таърихӣ ба яке аз макони илму адаб, фарҳанг ва таърих мубаддал гаштааст, ки тамошобинро бо ороишу зебогиаш дар ҳайрат мегузорад. Аз гуфтаҳои роҳбалад меҳмонон дарк намуданд, ки ин макони маърифат аз толорҳои таърихию фарҳангӣ иборат буда ва ҳар яки он давраҳои гуногуни зиндагӣ ва эҷодиёти миллати тоҷикро инъикос мекунад. Меҳмонон аз толорҳои намоишӣ гузар намуда сайри тамошоро аз ҳавлиҳои ҳунармандони мардумӣ, ки шиносоӣ бо ҳавлиҳои қадимаи ниёгон , урфу одат, анъанаи қадима, санъати тасвирӣ, ашёву рӯзгор ва ёдгориҳои он давраро пеши назар меорад, тамошо намуданд.
Воқеан, боздид аз чунин макони нотакрори ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба кас ҳаловат ва ғизои маънавӣ дода барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ замима мегузорад.
Ёдовар шуд, ки дастаи мунхатаби варзиши дзюдочиёни ҷавонони кишвари Тоҷикистон бо ифтихор ба монанди Кароматулло Ҳакимов, Эмомали Нуралӣ, Ҳочазода Беҳрӯз, Сомон Мамадбеков, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Шодмон Ризоев , Ҷаҳонгир Маҷидов ва даҳҳо нафар дар чемпионатҳои ҷаҳон иштирок намуда , парчами давлати Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”