
(Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо)
“Осорхона оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола санаи 18- уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешаванд. Дар ин рӯзи ҷашнӣ тамоми намоишҳои осорхонаҳо тариқи ройгон ба роҳ монда шуда ба ҳукми анъана даромадааст.
Маврид ба зикр аст, ки осорхона чун ба маънои қасри таърихӣ буда он макони илмӣ ва фарҳангии гирдоварӣ, омӯзиш, нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки сарчашмаи он соли 1977 дар Конфронси XI-уми генералии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо дар шаҳри Москва ва Санкт-Петербург дастгирӣ ёфта буд.
Зикр намуд, ки намояндагони ҷомеаи осорхонаҳои ҷаҳон дар иртибот ба эълон расидани Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо эъломия қабул намуданд. Шуруъ аз соли 1978 дар саросари ҷаҳон шумораи кишварҳои зиёда аз 150 давлатҳои мухталиф ҷашн мегиранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва якчанд иқдомҳои муҳимро баҳри рушди маърифати миллӣ ва шиносоии ҷомеа бо таъриху фарҳангро амалӣ намуданд. Дастгирии осорхонаҳои кишвар аз ҷониби дастгирии давлат як қисмати асосии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади таҳкими фаъолияти осорхонаҳо ва боз ҳам беҳтар намудани нигоҳдории арзишҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ роҳандозӣ шудааст.
Мақсад ва ҳадаф ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, рушди маърифати миллӣ, таъмин намудани шароити муносиб барои наслҳои оянда бахшида шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки осорхона чун китоби ёддоштҳои таърихӣ саҳифабандӣ карда шуда, хотироти таърихро ба худ нигоҳ медорад. Роҳбарият ва масъулини Осорхонаи таърихӣ вилояти Суғд, рамзи ҳамоҳангсозиву ҳамкориро тибқи ташвиқу тарғиб намудан барои дилбохтагони мероси ёдгориҳои таърихӣ мунтазам чорабиниҳои мухталиф мегузаронанд. Инчунин бо маълумотҳои тозаву нодир ҳамкории зич бо мардум баҳри фароҳам овардани ҷамъоварии маводҳои таърихӣ дар ҳифзи нигоҳдории онҳо саҳми арзанда гузошта истоданд.
Осорхонаи таърихӣ на танҳо макони нигоҳдорӣ, балки як сарчашмаи маркази таълимӣ барои пажӯҳишгарон ва донишҷӯёну толибилмон манбаъҳои бойи иттилоот ва маводҳои пурарзишро пешниҳод менамояд. Яъне ӯ метавонад ба сокинону меҳмонон бо таъриху фарҳангӣ куҳани қадимаи миллати ттоҷик аз наздик ошно намояд.
Ба ин хотир , бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо санаи 18- уми майи соли 2025 аз соати 16:00 то 22:00 дари Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои тамошобинон тариқи ройгон кушода аст. Ин иқдоми неки байналмилалии “Шабе дар осорхона”, ҷалби ҳазорон сокинону меҳмононро ба осорхонаи таърихӣ баҳри баланд бардоштани фароғати маънавии фарҳангӣ бо таърихи куҳан ва дастовардҳои замони истиқлоли кишвари Тоҷикистон шиносоӣ пайдо менамоянд.
Маъмулан осорхонаҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва дастовардҳои беназири халқу миллатҳо буда , давлатҳои мутамаддин барои нигоҳдории ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мероси ниёгони хеш даҳҳо осорхона бунёд гардида истодааст. Зеро осорхона маконест, ки бо воситаи ёдгориҳои таърихӣ метавонад инсонро дар руҳияи фарҳангдӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърих тарбият намояд.
Ҳадафи асосии ин иқдоми чорабинии мазкур нишон додани захираи таърих, имконият, иқтидори осорхона ва ҷалби тамошобинон равона гардидааст.
Ҳамзамон , осорхонаи таърихӣ барои насли имрӯза ва оянда имкон медиҳад, ки ба оинаи таърих рӯ оваранд ва дар доираи захираҳои мавҷуд буда масъулин ҳамеша кӯшиш менамояд, ки барномаҳои навтарин ва ҷолиби роҳатбахшро баҳри тамошобинон пешкаш намоянд.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо як фурсати қулай барои арзёбӣ ва шиносои нақши муҳим дар рушди таъриху фарҳанг ҳамчун макони нигоҳдории ёдгориҳои тамаддуни халқи тоҷик ба наслҳои оянда маърифат ва илми худро пешкаш менамояд.
Ёдовар шуд, ки дар доираи “Шабе дар осорхонаҳо” дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ, маърифатӣ - оммавӣ ва намоиши ретро- автомобилҳои тамғаи модели истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ барориашон гуногун дар роҳравҳои саҳнаи боғи истироҳатӣ саф кашиданд, ки ҷилои рангини идона ба тамошобин тақдим менамояд.
Валӣ Набизод- котиби иттилоотии
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”