
Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ , иштирокчиёни ақибгоҳро ва инчунин тамоми ҳамватанони азизро бахшида ба муносибати ҷашни “Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” аз сидқи қалб самимона табрику муборакбод менамояд.
Зикр намуд, ки дар таърихи башарият санаҳои ҳастанд, ки бо гузашти айёми солҳо аҳамият ва бузургдошти онҳо боз ҳам арзиштар мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ боқӣ монда, барои инсоният, аз ҷумла дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон низ азизу гиромӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи иштирокчиёни майдони набардҳоро доимо қадрдонӣ намуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Дар ин рӯзи хотирмон ба собиқадорону иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар симои онҳо тамоми мардуми кишвари Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни пурифтихори 80-умин солгарди “Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” самимона шодбош менамоем.
Бигзор дар зери сояи осмони софи беғубор, тинҷиву оромӣ мардуми кишвари азизи Тоҷикистон ҳамеша тансиҳату комёб ва сарбаланду хонаобод бимонанд.
Рӯзи Ғалаба муборак!