Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан таърихӣ мебошад.
Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.
Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: "9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад". Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.
Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.
Ин санаи таърихиро ҳамасола дар саросари кишварамон ботантана ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ вохӯрӣ ва намоиш бахшида ба ин рӯзи таърихӣ таҳти унвони “Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд” баргузор гардид.
Дар намоиши мазкур медалу орден шаҳодатномаю ифтихорномаҳо ва мусаввараҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Пӯлод Отаев, Юсупов Абдураззоқ, Тоҷибоев Сангинбой, Ҳасанов Муқим, Юсупов Раҳмон, Олимов Саидраҳим, Бобокалонов Пӯлод ва занҳое ки дар ақибгоҳ хидматҳои бузург кардаанд ба монанди Мастура Авезова, Энаҷон Бойматова, Ҷаннат Раҳимова, Саодат Алибоева, Инъом Қурбонова, Шаҳри Ҳайдарова, Назира Умарова ва ғ. ҷой дода шудааст.
Инчунин, дар ин намоиш яроқ, шамшер, китобҳо, патифон ва сару либос дар умум 498 адад экспонат, ки 437 адади он аз фонди осорхона мебошад ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст.
Исҳоқӣ Фаридахон - мудири фонди
МД "МФТ" Қалъаи Хуҷанд"