Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пайдоши хат

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Хат яке аз дастовардҳои бузургу пурарзиши инсоният ба шумор меравад , ки дар арзи ҳазорсолаҳо эҳтиёҷашро пиёда намудааст. Бале, хат ва пайдоиши он диққати тамоми аҳли адабро кайҳо ба худ ҷалб кардааст, зеро ки таҳқиқ ва омӯзиши он бисёр масъалаҳои забоншиносӣ, этнография, маданият ва амсоли онҳоро равшан месозад.

Албатта, муайян кардани таърихи дақиқи пайдоиши хат кори саҳл нест. Ҳанӯз пайдоиши алифбо ҳам норавшан буда, дар хусуси он назарияҳои мухталиф мавҷуд мебошанд. Вазифаи хат ин аст, ки фикру андешаи хешро навишта ба дигарон дуруст ирсол кардан аст. Ҳар хату алифбо, ки ба воситаи он савтиёти ин ё он забон ҳар чӣ дақиқтар инъикос ёбад, аломатҳои графикиаш камтар бошад, донандагони таърихи хату алифбо ҳамонро беҳтар медонанд.Ба монанди касоне, ки солҳои зиёд бо хату алифбои тоҷикии арабӣ ошно ва кордор ҳастанд, хуб медонанд, ки ҳангоми дучори калимаҳои нав бидуни луғат дуруст хондани онҳо мушкилиро ба миён меоварад.

Гуфтан ба маврид аст, ки муҳаққиқони таърихи хат бар он ақиданд, ки пайдоиши хат ба пайдоиши санъати тасвирӣ марбут мебошад. Гумон меравад, ки унсурҳои аввалини хат 10- 15 ҳазор сол пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст. Мардумони форсизабон ҳамчун яке аз халқҳои мутаммадин дорои хат ва алифбои гуногуни расмии давлатӣ буданд. Қадимтарини онҳо хати мехӣ буд, ки 36 ҳарф мавҷуд буда, аз чап ба рост навишта ва хатти расмии давлатии Хаҳоманишинҳо  ба шумор мерафт. Хати мехӣ ҳиҷои буда, як ҳарф ду овоз ҳамсадо ва садонокро ифода мекунад. Намунаи аввалини ин хати қадимаро бостоншиносон дар кӯҳи Бесутуни Эрон пайдо намуданд, ки он бо номи “Катибаи бесутун” машҳур будааст. Матни он аз номи шоҳ Дорои-1 бозгӯ шуда аз корномаҳои шоҳони Ҳаҳоманишинӣ  ҳикоят мекунад. Бояд зикр намуд, ки омадани юнониҳо ва барҳам хӯрдани давлати Ҳаҳоманишинҳо   хатти мехӣ аз байн меравад.

Хати авестоӣ бошад, барои сабти шакли барқароршудаи китоби муқаддаси зардушиён “Авесто” дар асрҳои III-IV дар асоси хатти оромӣ тартиб дода шудааст. Дар алифбои авестоӣ 48  ҳарф мавҷуд буда аз он 14- тояшро садонокҳо ва 34-тояшро ҳамсадоҳо ташкил медиҳад. Ин хат то имрӯз дар кишвари Ҳиндустон аз ҷониби порсиён тарафдори дини зардуштӣ истифода бурда мешаванд. Хати авестоӣ мисли хатҳои дигари оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад.

Хати паҳлавӣ- хати расмии давлатии Сосониён буда, дар асоси хати оромӣ дар асрҳои II-III мелодӣ ба вуҷуд омадааст. Ин хат дар аввалҳо аз 14 ҳарф иборат буд ва аксари калимаҳо бо идеограммаҳо ифода карда мешуданд. Азбаски дар давлати Сосониён ба масъалаҳои котибӣ ва корҳои идоракунии давлатӣ аҳамияти зиёд медоданд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ навъи хат ба истифода  дода мешуданд.

Хати суғдӣ, яке аз қадимтарин хатҳои мардуми Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, бино ба қавли муҳаққиқон аз хатти форсии оромӣ ибтидо гирифтааст. Ин хат аз чап ба рост навишта шуда, дорои 23  ҳарф ва барои истифодаи садонокҳои дарозу кӯтоҳ аломатҳои алиф, йо ва вов истифода бурда мешуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки мардуми Суғд якчанд асрҳо баъд аз истилоҳи арабҳо  ин хатро ба кор мебурданд.

Қобили зикр аст, ки дар  толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, намунаи ҳуҷҷат бо хати суғдии оид ба ақди никоҳ, ки тааллуқ ба асри VIII дорад, аз кӯҳи Муғи водии Зарафшон бозёфт шуда, баҳри тамошобинон гузошта шудааст, ки хело диққатҷалбкунанда мебошад.

Хати монавӣ дар асри III- мелодӣ аз ҷониби Монӣ ( номи аслиаш Крику ) дар асоси хатти оромӣ мураттаб карда шудааст. Он аз 22 ҳарф иборат буда аз рост ба чап навишта мешаванд. Монӣ ба ғайр аз донишманди бузург буданаш, инчунин рассоми беҳамтои замони худ будааст.

Бояд гуфт, ки осори офаридааш ва махсусан китобаш “Аржанг”-ро ба хатти ихтироъкардаи худ ба нақшу нигори зебо оро додааст. Хати монавӣ то ҷорӣ шудани хатти арабӣ дар давлатҳои гуногуни Машриқзамин истифода мешуд, сониян бо мурури замон аз байн рафт, лек оини монавӣ то асри XIII дар Хутану Кошғар пойдор монд.

Хати арабӣ шохаи навтарини хатти оромӣ ба шумор меравад, ки аз хатти набатӣ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчун хатҳои оромиасос аз рост ба чап навишта мешавад, ки аз 28 ҳарф иборат мебошад. Дар ин хат садонокҳои кӯтоҳ навишта намешаванд. Инчунин барои истифодаи онҳо аломатҳои махсус ба монанди фатҳа ё забар, зер ё касра, пеш ё замма ба кор мебаранд. Гуфтан ба маврид аст, ки баъд аз истилоҳи араб ва пойдор гаштани дини мубини ислом мардуми форсинажод хатти арабиро пазируфта ба он чаҳор ҳарфи ифодакунандаи овозҳои махсуси забони форсӣ пе, че, же ва ге- ро зам намуданд. То имрӯз хати арабӣ дар кишварҳои Покистон, Эрону Афғонистон ва тамоми мамолики араб хатти расмии давлатӣ ҳисоб меёбад. Бояд гуфт , ки мардуми тоҷик ин хатро дар тӯли ҳазорсола дар ҳаёти иҷтимоӣ истифода бурда  тамоми дастовардҳои илмию фарҳангиро бо он интишор мекарданд, локин алифбои мардуми тоҷик бо мурури замон тағйир ёфт. Аввалин хат барои навиштани забони тоҷикӣ хатти арабӣ буд, ки дар солҳои 1930-1940 хати лотинӣ  ва баъдтар ба хатти ҳозираи кириллӣ иваз карда шуданд. Дар натиҷаи таъсири дини мубини ислом дар минтақаи кишвари Тоҷикистон  то солҳои 1920-ум забони тоҷикӣ бо алифбои форсӣ дар асоси хатти арабӣ навишта мешуданд. Дар  он замон забони тоҷикӣ, забони алоҳида ҳисоб намешуд, боварӣ доштанд, ки ин лаҳчаи забони форсӣ аст. Пас , ба сари  қудрат расидани Шӯравиҳо , соли 1923 аввал хати форсӣ сода карда шуд, сипас гузариш ба хати лотинӣ соли 1927 ба амал омад. Алифбои лотинӣ бо мақсади баланд бардоштани саводнокӣ ва дур кардани аҳолии онвақтаи бесаводӣ аз Осиёи Марказии ислом пешниҳод карда шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки соли 1929 бо Қарори махсуси КИМ ва Совети Коммисирони халқи шӯравӣ  “Дар бораи ба алифбои нави лотинӣ гузаштани халқҳои алифбои арабидоштаи  Иттиҳоди Шӯравӣ”  баромад, ки моҳи августи соли 1930 дар съезди якуми забоншиносони тоҷик масъалаи ба алифбои лотинӣ гузаштан ҳал гардид, ки ин алифбо дорои 31 ҳарф мебошад. Алифбои лотинии тоҷикӣ дар асоси корҳои олимони туркзабон, ки нақши эҷоди алифбои муштарики туркиро дошта таҳия гардида буд, ки забони тоҷикӣ дар он замон забони туркӣ набуд. Маракаи забономӯзӣ анҷом ёфт, ки то солҳои 1950  қариб тамоми саросари мардум саводнокиро ба даст оварданд.  Пас , аз лотиникунонӣ,  забони тоҷикиро аввал забони алоҳида номиданд.

Дар доираи забони русигардонии Осиёи Миёна соли 1940 забони тоҷикӣ ба хатти кириллӣ гузаронида шуд. Ин алифбо то охири солҳои 1980  вақте ки пошхӯрии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ боиси болоравии ҳаракати миллӣ дар Тоҷикистон ба амал омад.

Бояд гуфт, ки 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ”Қонуни забон”-ро қабул кард. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян карда буд, ки қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009  бо номи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид.

Ёдовар шуд, ки қонуни мазкур чун рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ дар саросари кишвари соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн  гирифта мешавад.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top