Агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, маънои “ китобхона” , ҷое ки ҳама гуна намуди китобҳо ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад, ифода мекунад. Яъне муассисаи кучаки иттилоотӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, илмӣ, методӣ ва омӯзишӣ ба шумор рафта, хизматрасонии китобдориро китобдор ба анҷом мерасонад. Китобхонаро дар гузашта хазинаи тиллоӣ ва ганҷинаи бебаҳо ҳам мегуфтанд.
Тазаккур бояд дод. ки китобхона бо ихтирои хат ва пайдоиши нахустини навишаҷот дар марказҳои тамаддуни Шарқи Қадим тадриҷан такомул ёфта будааст.Зикр намуд, ки дар доираи фаъолияти нигоҳдории китоб ва вазифаҳои китобхона ин ҷамъоварӣ , нигоҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани адабиётҳои чопӣ ва анвои дигари иттилоот, яъне қонеъ намудани ниёзҳои истифодабарандагони адабиёт ба шумор меравад. Метавон аз таърихӣ пайдоиши китоб чанд ҳарфе баён намуд, ки таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти хат, забон, адабиёт, илм, таърих, фарҳанг ва техника зич алоқамандӣ дорад. Гузашта аз ин дар замонҳои қадим одамон дар рӯйи санг, чӯб, сафол, нахл, устухонҳо ва ғ. дастнавис мекарданд, ки ба китоб мансубият дошт.
Қобили зикр аст, ки аввалин дастнависҳои папирусӣ дар Мисри Қадим ёфт гардиданд, ки ба ҳазораи III-IV то мелод мансуб буда, дар асри VI бори аввал бо асбоби махсуси китобчопкунӣ ихтироъ гардида будааст. Дар асри XI бошад , бо ёрии қолабчаҳои махсус аз гилу чӯб чоп кардани китобро ҷорӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки солҳои 40-уми асри XX дар кишвари Олмон аз ҷониби Иогани Гутенбург (1400- 1468 ) ихтироъ намудани воситаи китобчопкунӣ пай дар пай такмил ёфта ба дигар мамлакатҳо фиристода мешуданд. Соли 1798 бо ихтироъ шудани литография ( чопи сангӣ ) кори китобчопкунӣ, хусусан бо суратҳо оро додани китобҳо хело осон гардидааст.
Дар Осиёи Миёна бошад, китобчопкунӣ баъди ба Русия ҳамроҳ шудан таъсис ёфт, ки дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Қазон, Когон бо ҳуруфотӣ арабӣ ва русӣ чоп мешуданд. Дар замонҳои шуравӣ ноширону матбаачиён, маҳз ба чопи китобҳои оммавӣ эътибори ҷиддӣ медоданд, ки аз китоб оммаи васеи меҳнаткашон, донишҷӯён ва мухлисони хонандагон бисёртар рӯ ба китобхона меоварданд.
Ишора бар ин дар махзани илму дониш аз фаъолияти пурсамари китобхонаи оммавии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” пайвастагии аз мутоилаи ҳамарӯзаи дӯстдорони китоб ва кормандони илмӣ дарак медиҳад. Дар китобхонаи муассисаи мазкур теъдоди фарогирии китобу маҷаллаҳо , на кам аз 10000 нусхаҳоро ташкил медиҳад, ки минҷумла , китобҳои фарҳангӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, тангашиносӣ, энсиклопедияҳои даврагӣ ва инчунин аз соли 2016 муассисаи мазкур то ин ҷониб соле як маротиба китоб бо номи “Ахбори Осорхонаи таърихии вилояти”-и Суғд аз чоп мебарояд,ки маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд. Захираи асосии китобхона бо ташаббуси роҳбарияти муассисаи мазкур роҳандозӣ гардида, мунтазам бо нашрияи китобҳои нав ба нав ғанӣ гардонида мешаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ, маҳфилҳо ё мансубият ба давраҳои таърихӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, гӯшаи намоишии китобҳо , ки қисми таркибии китобхонаро ташкил медиҳад, баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта мешаванд. Дар ягон давру замон бекитоб зиндагии рангинро наметавон тасаввур кард, ки китоб, қалам ин мафҳумҳое мебошанд, ки ҳангоми ба забон овардан пеши назари инсон ҷаҳони беканори илму дониш намудор мегардад. Кормандони муассисаи мазкур ҳамеша дар мутоила ва ҷустуҷӯи нав ба нави эҷодии илмӣ ҳастанд. Зеро китоб раҳнамои беназир, ки ҳамагонро ба пиндору рафтору кирдори нек ҳидоят менамояд.
Албатта, китоб дарёи беҳикмат аст, зеро дунёи он моро ба роҳи хирад, маърифат ва одобу ахлоқ равона мегардонад, гуфт дар як суҳбати кӯтоҳ - китобдори муассиса Бузурукова Наргисахон. Ӯ дар идомаи суҳбат иброз дошт , ки муассисаи ҷомеаи меҳнатӣ дар он кормандон фаъолият доранд, ҳамчун макони таърихию фарҳангӣ шинохта шудааст, ки ҳамеша дар мутоилаи рӯзномаву китоб ва дар ҷустуҷӯи илму дониш ҳастанд .Асосан аз байни сафи хонандагон бештар ба кормандону мудирони шуъбаҳои мухталифи муассисаи мазкур, ки барои дастрас намудани асарҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ё фарҳанги тасфири луғатҳо барои навиштани мақолаҳои илмӣ зарур медонанд, кӯмак расонида мешаванд .
Қобили зикр аст, ки китобдор Бузурукова Наргисахон рафтори хуш, донандаи касби хеш, сифатҳои вожагии китобдориро хуб медонад ва бо муносибати нек маводҳои заруриро саривақт дастрас менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар китобхонаи мазкур тамоми китобҳои мухталифи давраҳои истиқлоливу таърихӣ, фарҳангӣ дар зери назорат қарор дода ба ҳифзи нигоҳдории он китобдор хело таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Касе ки ба ин даргоҳи илму маърифат ба дунёи рангини беканор ворид мегардад, худ ба худ мегӯяд - аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”