Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Назорати видеоӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки бо истифода аз технологияи видеоӣ дар замони муосир, қариб ки дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ новобаста аз ҷиҳати моликияташ назорати видеои махфӣ гузошта шудаанд, ки  ба чашм мерасад.

Бояд гуфт, ки назорати видеокамера ҳамчун як  воситаи таъминкунандаи бехатарии назоратро пешниҳод менамояд, ки барои қонеъ намудани ниёзҳои амниятӣ бо дақиқ ва эътимоднокӣ пешбинӣ ва равона гардидааст,  истифода бурда мешаванд. Яъне, системаи назорати видеоӣ дар якҷоягӣ бо системаи идоракунӣ ва бехатарӣ барои ҳифзи ҳамаҷониба  имкон медиҳад, ки дастгоҳи гузошташуда дар посух аз  ҳама гуна ҳодисаҳо хабардор бошад , ҷиҳати бехатарии амният, тасвирро  бо тағийрёбии масшабҳои гуногун  аз ҳама нуқтаҳои  умум  мушоҳида  ва назорат   мебарад.

Ба ин хотир, бо рушди системаи барномасозӣ, пешрафти технологияи муосир , ки қаблан вуҷуд дошт ,  барои боз ҳам васеътар намудани дастгоҳи системаи видеокамераҳо дар Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”,  дар дохили иншооти мазкур  ва  атрофи он аз ҷониби мутахассисони ширкати  ҶДММ “Само”, ки  бо гузоштани мониторҳои   нуқтаи назорати бехатарӣ  насб карда шуданд, ки аз манфиат холӣ нест.

Системаи назорати видеоӣ имконият медиҳад, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқуллода, ҳифзи ҳамаҷонибаи иншоотро ҳимоя  ва таҳти   шахсони  масъули навбатдори муассисаи мазкур тамоми шабонарӯзӣ назорат ва корбарӣ менамоянд.

Қобили зикр аст, ки назорати видеоӣ на фақат дар муассиса, балки дар ҳама ҷойҳои ҷамъиятӣ,ташкилоту идораҳо, хиёбонҳо ва мағозаҳои фурӯши ниёзи мардум, бозорҳо, қаҳвахонаҳо, биноҳои истиқоматӣ  ва дигар иншоотҳо насб карда шуданд.   

Вазифаи системаи назорати видеоӣ барои муқаррар намудани назорат аз болои вазъият дар ҳама гуна ҳолатҳо ва барои пешгирии  ҷиноятҳо мусоидат мекунад. Яъне, бо доштани маълумоти дақиқ аз камераҳои назоратӣ ҷустуҷӯи ҷинояткорон  барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осонтар  ва  маълумотҳои  назорати видеоӣ метавонад ,  ҳамчун далелу бурҳон  истифода бурда  шаванд.

Албатта, мо ҳамагон масъулиятшинос  ҳастем, бояд дарк намуд, ки насб намудани назорати видеоӣ ҳатмат зарур буда, барои эҳсоси ҷиҳати пешгирии бехатарӣ, амнияти осудагӣ ва боварӣ ба аҳли ҷомеа кӯмак хоҳад кард.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top