Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чанг-сози мусиқӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба фарҳангӣ тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, чанг номи асбоби камоншакли мусиқӣ, буда дорои тор аст, ки ба монанди асбобҳои уд, чағона ва ғ. бо ду чӯбча менавозанд.

Бале, чанг-сози мусиқӣ буда, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи Наздик хело маъмул  мебошад. Зикр намуд, ки сози чанг бо шакли тағирёфтааш бо номҳои гуногун байни халқҳои юнон-кимвал, халқҳои араб-қонун, мардумони Эрону Қафқоз- сантур  ва ба халқҳои Молдавия, Белорус бо номи “симбала” машҳур аст. Дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳои Шарқ  чун асбоби сози мусиқӣ паҳн гардида, дар қаламрави кишварҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар асри XIV ба  истифода дода  шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар асбоби мусиқии чанг услубҳои гуногуни иҷроиш ба таври васеъ  ба монанди пай дар пай задани  чӯбҳо, харошидан ва асосан  асбоби мусиқии чанг  овози якка дорад, ки  ҳамчун овози ҳамроҳӣ дар байни ансамли созҳои миллӣ васеъ  истифода  мебаранд.

Дар асл, асбоби мусиқии  чанг 72 тори филизӣ ва ҳамон миқдор гӯшак дорад, ки системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи хроматикӣ иборат мебошад. Дар асрҳои IX-X асбоби чанг яке аз созҳои мусиқии дӯстдоштаи мардуми эронтабор  буда, ӯро “арӯси сухан” ҳам мегуфтанд ва  инчунин шоирону ҳофизон бо ҳамовозии сози чанг суруд мехонданд  ва ба ансамбл ҷӯр мешуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар толори намоишии “Санъати  тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ”-и  Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, толори хурд бо номи “Толори созҳои мусиқӣ” ном дорад. ки аз тарафи усто Тоҳир кандакорӣ шудааст. Дар ин толори мазкур зиёда аз 30 намуди асбобҳои мусиқӣ, минҷумла  асбоби созии чанг  ҳамчун арзиши миллӣ барои равшан намудани таърихи фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аҳамияти бузурге дорад, баҳри намоиш гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки чангҳои замони қадим аз чангҳои ҳозира дида, на ин ки бо шаклашон, балки бо фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама бологиашон аз ҳамдигар бо куллӣ фарқ мекунанд. Ғайр аз ин дар натиҷаи таъмирҳои илмии минбаъда намудҳои гуногуни созӣ дар асоси асбоби чанг ихтироъ шудааст. Албатта, санъаткорони моҳир  бахусус, чангнавозони касбӣ қариб панҷ октаваро васеъ истифода  мебаранд, ки чунин асбоби мусиқии  чанг  хоси миллати тоҷику узбек ба шумор меравад. Устоҳои ҳунармандони  мардумии чангсозон  шаклҳои сохтани онҳоро аз худ намуда дар кишвари Тоҷикистон  чунин намуди  чангро сохта ба истифода доданд.

Бояд гуфт, ки дар ҳолати иҷро намудани созҳои мусиқӣ ҳунармандон барои навохтани чанг аз ду чӯбча истифода мебаранд, ки онро чангчӯб меноманд.  Одатан чангчӯбчаро аз дарахти бамбук омода мекунанд, ки дар нӯги он резинаи махсус  гузаронида ба мисли мизроб борик  аст, ки ҷиҳати қувва ва садои мувофиқ ба даст овардан аз камоншакл ва вазни резинаи дар нӯги чангчӯб буда вобастагии калон  дорад.

Зикр  намуд, ки асбоби мусиқии  чанг ба гуруҳи созҳои торӣ- зарбӣ дохил шуда, аз тарафи устодону  мутахассисони соҳибкасб дар мактабу  омӯзишгоҳҳои санъати мусиқӣ барои аз байн нарафтани сози мусиқӣ ва тайёр намудани шогирдони чангнавоз ҳисса  мегузоранд, ки қобили ёдоварист. 

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Scroll to Top