Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муъҷизаи нотакрори меъморӣ

Рейтинг:   / 0
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Меъморӣ намуди аз ҳама намоён, нодиру аҷиб ва муассири ҳунарҳои мардумӣ  буда, то ба имрӯз аз байни мардуми ҳунарманд  нарафта,   баръакс   шуҳрати  бештаре  пайдо намудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки санъати муъҷизаи нотакрори меъморӣ асрҳои IX- X  даврони тиллоии тамаддуни фарҳанги миллати тоҷик ба шумор меравад. Агар ба гузашта назар афканем,  саҳифаи таърих гувоҳӣ медиҳанд , ки маҳз бо шарофати сулолаи Сомониён , бахусус бо сарварии Шоҳ Исмоили Сомонӣ давлати паҳновару муқтадири  миллати тоҷикон арзи ҳастӣ намуда,  барои илму фарҳанги тоҷикон  заминаи мусоид муҳайё  овардааст. Дар он айём, аз қабили  мадрасаҳо, мақбараву зиёратгоҳҳо  яке  аз бузургтарин макони илму дониш ба ҳисоб рафта, барои тарбияву таълим  ба ҳадди камолот расонидани гузаштагон ва ба насли ояндаи миллати тоҷик  мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки тибқи нишондоди китоби “Тоҷикон”- и аллома Бобоҷон Гафуров ва сарчашмаҳои дигари таърихӣ меъморону бинокорони асрҳои  IX- X санъати  нотакрори меъмории суғдиҳо ва бохтариҳоро бо  анъанаҳои фарҳангӣ меъмории марказҳои мухталиф омезиш дода, иншоотҳою  қасрҳо ва биноҳои бошукуҳ месохтанд. Имрӯз метавон гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлол , яке аз  бинои боҳашамати мунаққиши ородиҳанда , дар қатори дигар иншоотҳо Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, ки бо намуди зоҳирии меъмориаш дар кишвар  ҳамто надорад. Бояд гуфт, ки ин бинои мазкур  аз  панҷ толорҳои намоишии  бо санъати меъморӣ,  ба монанди кандакорӣ, гаҷкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, кошинкорӣ, буриш ва ғайра сохта шуда, таъриху фарҳанги миллати  гузаштаи тоҷиконро инъикос мекунад.

Қайд намуд, ки  оиди толори  намоиши марказӣ сухан меравад,  аз ҷониби ҳунармандони мардумӣ  устои чӯбкор Зуҳуров Тоҳир, гаҷкор Сайдуллоев Фозил, наққош Ахмедов Иномҷон  ва муаллифи фарши толор Абдураҳими Абдураҳмон бо истифода аз технологияи муосири замон ба анҷом расонида шудааст.  Зикр намуд, ки намуди консепсияи толори мазкур аз иншоотҳои қадимаи Самарқанду  Бухоро сарчашма гирифта, баландиаш  то гумбаз 22 метр  ва сохти меъмориаш чортоқ буда , яке аз сохторҳои меъмории тоҷику форс ба шумор меравад. Инчунин толор бо муқарнас  оро дода шудааст, ки яке аз усули мураккабтарини санъати гаҷкорӣ буда, аз ҷониби усто Мирзораҳим  Қодиров ба анҷом расонида шудааст.

Дигаре бошад, ҳар се толорҳои намоиши қалъаи таърихӣ, ки гумбаздор ҳастанд , бо композитсияҳои ҷудонашаванда ба монанди толори якум бо ранги сурх, толори сеюм бо ранги ултромарин ва толори панҷум ранги осмонрангро ба худ гирифтааст. Усулҳои  меъмории толори якум Ироқӣ,толори сеюм чортоқ, толори панҷум муқарнас буда , бо чорчӯба ва коркарди қоидаҳои устоҳои Самарқандӣ  таҳрезӣ шудааст.

Хотиррасон  намуд, ки чунин иншооти таърихию фарҳангӣ  аз ҷониби муаррихону муҳаққиқон ва ҳунармандони мардумӣ   ба сомон расониданд, ки ба макони таърихию фарҳангӣ  мубаддал гаштааст. Ҳунармандони асили мардумӣ тавонистанд,  дар  муайян намудани паҳлӯҳои норавшани таърих  ва муаррифи намудани санъати меъмории миллати тоҷик  ба ҷаҳониён  саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМуъҷизаи нотакрори меъморӣ
Scroll to Top