Воқеан, шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо хиёбону кӯчаҳою гулгашти сарсабзу гулпӯшу хуррам ва аз мобайни шаҳри бузургаш дарёи Сайҳун равон касро мафтуни худ мекунад. Дар ҳар гӯшаву канораш боғҳои истироҳативу фароғатӣ қарор доранд, ки ба шаҳри нозанин шукуҳу шаҳомати хоса мебахшад.
Бо мақсади боз ҳам зебову сабзу муаттар гардонидани шаҳри дилрабо то тавонем, ки сокинону сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба таври ҳамешагӣ истифода баранд. Яке аз ин мақсадҳои нек дар Қалъаи таърихии Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” , ки дар зебогиаш ҳамто надорад, шинонидани гулҳои рангоранг ҷараён дорад.
Дар асл, ҳар бинандае ки бори аввал ба тамошои қалъаи таърихӣ ва боғи фароғатӣ меояд, шоҳиди он зебогиҳо, пеши назараш манзараҳои нотакрор ҷилвагар мегардад. Гулгашту роҳравҳои сабзавор, дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳо сарупо ғарқи гул дили ҳар тамошобинро мафтун мегардонад. Дидани ин ҳама манзараҳои зебои табиат дар як нигоҳ касро ба олами афсонавӣ мепайвандад, ки аз ҷониби боғбонони чирадаст гул бо номи “виола”-и рангоранги мавсимии зимистона, зиёда аз 40-ҳазор бех шинонида шуданд,ки роҳраву гулгаштҳоро зеб медиҳад. Ба ҷуз ин дар ҳар канори роҳравҳои барои нишастан ва суҳбату мулоқот намудан тахтакурсиву айвончаҳои барҳаво ва инчунин нуқтаҳои фурӯши шириниҳою қандалотҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ороста гардиданд.
Бале, як макони биҳишосо бо файзаш сабзаву хуррам шомгоҳон меҳмонон ва сокинони диёр барои истироҳату сайру гашт меоянд то ки аз фароғат баҳра баранд. Ин қадар макони таърихиву фароғатӣ ҷолиби диданист, ки ҳар бинанда ҳатман, боз орзуи дубора дидани онро мекунад, зеро ба як дидани мавзеъи дилрабо наметавон хумори тамошоро шикаст. Хусусан гулҳои рангоранг дар мавсими зимистон чун наварӯси чаман ороставу хушбӯй аст ва бо ҳусни зиёдатӣ ба манзара зиннат мебахшад.
Зикр намуд, ки қалъаи таърихӣ ва боғи фарҳангию фароғатӣ бо тарҳи миллӣ бунёд ва як ҷузъ табиати нотакрори Тоҷикистон инъикос гардидааст. Боғи истироҳатӣ дар маркази шаҳри қадимаи Хуҷанд, ки қисмати асосии Қалъаи таърихии Хуҷандро ташкил медиҳад чун макони таърихию фарҳангӣ қарор дорад ва ҳамарӯза сокинону меҳмонони дохиливу хориҷӣ барои сайру гашт меоянд.
Ҳар нафаре, ки ба боғи фарҳангӣ ворид мегардад аз бӯйи гулҳои раноранг нафаси тозае мегирад, табиаташ новобаста аз сардии ҳаво ором ва ба кас ҳаловати тоза мебахшад.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”