Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

100 солагии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар таърихи инсоният садаи ХХ - ум бо воқеаҳову ҳодисаҳои худ дар хотираҳои инсоният асрҳои аср боқӣ мемонад. Ба таври мисол Ҷанги якуми ҷаҳон, Ҷанги дуюми ҷаҳон ё истифодаи яроқи ҳастаӣ ва ғайраҳо, ки милёнҳо нафарро қурбон намуда, дар дили инсоният доғ гузошт. Дар баробари воқеаҳои манфии ин аср боз руйдодҳои мусбатеро ном бурдан мумкин аст, ки ба тақдири аксар халқҳои ҷаҳон, ки солҳои сол мустамликаи кишварҳои абарқудрат буданд, соҳиби давлатҳои миллӣ гардида, рушд карда истодаанд. ки воқеа ташкил шудани Республикаи Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тақсимоти миллӣ – давлатии Осиёи Миёна, ки дар соли 1924 гузаронида шуд, аҳамияти калон дорад. Давлати Шӯрави давлати сермиллати Сотсиалистии коргарон ва деҳқонон буд, ки 15 Республикаи Шӯравии Сотсиалистиро дарбар мегирифт.

Тақсимоти миллӣ – давлатии Осиёи Миёна, ки дар соли 1924 гузаронида шуда буд, дар кори минбаъда мустаҳкам кардани сохти ҷамъиятӣ ва давлати Шӯравӣ дар шарқи Шӯравӣ ва тараққӣ додани республикаҳои Шӯравӣ Сотсиалистии Осиёи Миёна бо ёрии пай дар пай ва беғаразонаи халқи кабири Рус мегузашт. Ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна бо халқи Рус алоқаи зич бастани халқи тоҷик ва дигар халқҳои кишварҳои канори Россия дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна аҳамияти хеле калон дорад. Ҳокимияти Шӯравӣ ба ҳамаи халқҳои мамлакати мо ҳуқуқи худмуайянкунӣ, ҳуқуқи ҳамчун давлати мустақил зиндагонӣ карданро дод. Шакли миллии давлатдории Шӯравӣ дар асоси диктатураи пролетариат ба наздик шудани Советҳо ба омма ёри мерасонад, вай барои мустаҳкам шудани иттифоқи байни синфи коргар ва деҳқонон зарур мебошад.

24 – уми ноябри соли 1924 ба сифати Ҳукумати муваққатии Тоҷикистони Шӯравӣ Комитети Револютсияи РАСС Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши аксҳои рӯйдодҳои таърихӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ва  100 - солагии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон ба марази тамошобинон гузошта шуд.

   

Маҳз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1929 ба соҳибистиқлол  гардидани  кишвар дар соли 1991 замина гузоштанд. Имсол мо садумин солгарди давлат бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем ва бо пешравию ободкориҳое, ки бо ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омаданд, Ватани маҳбуби мо ҳоло ба яке аз кишварҳои ободу пешрафта, ки дар ҷаҳон ба шаш ташаббуси байналмилалӣ асос гузоштааст, табдил ёфтааст.

Мақсад аз баргузории намоиш ин бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон ва шинос намудани насли наврас бо корнамоиҳои ниёгони бузурги хеш ва ҳамчунин ошнои аз воқеаҳои муҳими таърихии он давра мебошад.

 

Сайфиева Шарифа-  мудири шӯъбаи оммави- фврҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle Categories100 солагии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиолистии Тоҷикистон
Scroll to Top