Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбубро бо ифтихору шодмонӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику  муборакбод  намуда ба ҳар яки Шумо оромиву осоиш ва ба кишвари маҳбубамон суботу пешрафти рӯзафзун орзу менамоянд.

Конститутсияро барҳақ бахтномаи миллат меноманд, зеро он ифодакунандаи манфиат ва ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик, дар роҳи бунёди давлату соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Ин санади тақдирсози миллат бо ибтикор ва ташаббуси ваҳдатофаринӣ ва меҳанпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо заковату иродаи мардуми фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷикон  қабул гардидааст. Зеро ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои амалӣ гардидани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати халқи тоҷик ҷиҳати эъмори бинои муҳташами истиқлол ва ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон мусоидат намудааст.

Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвари азиз буда, риояу эҳтироми муқарароти он замонати саодату сарбаландии миллат  мебошад.  Аз фурсати қулай истифода бурда, дар ин рӯзи муборак ба ҳар яки Шумоён,  тансиҳативу хотирҷамъӣ, иқбол дар зиндагӣ ва дар ҷодаи  кору фаъолиятҳоятон орзуҳои нек таманно дорем.

Бигзор, Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон равшангари роҳи ҳаёти ободу осудаи мардум ва ҳидоятгари миллати халқи тоҷик дар масири расидан ба ормонҳои асилу ростини миллӣ бошад.

Ид муборак, ҳамватанони азиз !

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Scroll to Top