Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кoнститутсия - шаҳодатномаи миллат (ба истиқболи 30 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи худ ба оламиён нишон доданд, ки қодиранд сарнавишти хешро худ бинависанду ҳал бикунанд ва давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ бунёд намоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Тавре маълум аст, ҳадафи асосии давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистон барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, таъмини волоияти қонун, амнияти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои умумимиллӣ ва давлат, ҳамчунин пайваста ташаккул додани бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, ки он дар меҳвари сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки бо тақозои зиндагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил ёфта, ба талаботи давру замон мувофиқ карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва гузашти таърихи башарият падидаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои ҳуқуқӣ фаровон аст, ки вобаста ба эҳтиёҷоти ҷомеа амалӣ гашта, барои таъмини ҳадафҳои тараққиёт бар марҳалаи мушаххаси вақт, поя ва асоси мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Ба ҳамин хотир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз се маротиба, яъне 26-уми сентябри соли -1999, 22- юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ таъғироту иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида ба мукаммал гардидани меъёрҳои Конститутсияи мамлакат равона шуда, ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва стандартҳои байналмиллалӣ ҳамрадиф буда, қадами таърихии санҷидашудаи ҳуқуқист, ки ҳадафи он дифоъ аз манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, таҳия ва қабули Конститутсия бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи Тоҷикистон рух дод ва навтарин дигаргуниҳоро дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ичтимоию фарҳангии кишвар ба вуҷуд овард. Он саҳифаи нави таърихию сиёсии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард.

Конститутсия барои ҳар фарди кишвар ҳамчун қомуси зиндагӣ, раҳнамо, чароғи ҳидоят ба фардои шукуфон ва саодати абад боқӣ хоҳад монд.

Хоҷаева М - Мудири шуъбаи таърихи давраи муосир

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle Categories Кoнститутсия - шаҳодатномаи миллат (ба истиқболи 30 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Scroll to Top