Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷоизаи озмуни “Рассомони муосири ҷаҳон”

Рейтинг:   / 2
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар асл, рассомӣ яке аз намудҳои асосии санъати тасвирӣ буда, асарҳои он вобастаи рангҳо тасвир карда мешавад. Рассомӣ сохти заковати сюжетӣ, шакли бадеӣ дар тасвири ранга аст, ки маънои “тасвири ҳаёт”, “тасвири зинда”- ро дорад, яъне  саросар аз нишонаи ҳақиқат ва афсонавиро меофарад.

Бале, рассоми тоҷик Абдураҳим Ҷабборов офарандаи асарҳои бадеӣ аст, ки ӯ рассом- монументалист, академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Руссия ва Федератсияи байналхалқии рассомон, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон , барандаи мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон ,  устод  ва  дотсенти  мудири кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрии факултети санъати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд” ба номи Б.Ғафуров  кору фаъолият дорад.

Ҳамчунин,  муаллифи якчанд асарҳо ба монанди ороиши толори асосии чойхонаи миллии МД “Қасри фарҳангии Арбоб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, асари бадеӣ “Ман ба Шумо сулҳ меоварам” ва панно-релефи “Ифтихорам Тоҷикистон” корҳои ороишӣ ва дизайнерӣ, бахшида ба 25 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва амсоли онҳо саҳми худро гузоштааст. Баробари ин дар ҳаммуаллифӣ бо ҳайкалтароши тоҷик Даврон Раҳматов муҷассамаи монументалии "Нишони давлатӣ" -ро дар ноҳияи Спитамен, ангораи монументалии симои Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар толори “Қасри фарҳангии Арбоб” – ро ба анҷом расонидааст.

Мавсуф аз соли 2018 аъзои гурӯҳи корӣ ва соли 2021 аъзои Шӯрои бадеӣ ва роҳбари бадеии Қалъаи таърихии Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, ки зиёда аз 300 ангораҳои ороишӣ офаридааст.

Қайд  намуд, ки  Абдураҳим Ҷабборов аз соли 1990 иштирокчии доимии намоишҳои асарҳои эҷодии рассомони шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошад.

Боиси хурсандиовар аст, ки аз  санаҳои 14- 18 октябри соли 2024 дар кишвари Ҷумҳурии Узбекистон шаҳри Тошканд, озмуни рассомони муосири ҷаҳон  таҳти унвони “Санъат ва ҳаёт”, ки зиёда аз 50 давлатҳои мухталиф иштирок намуданд,  барои иштирок дар  10 – умин барнома бо сертификати  байналмилалии  “ BiennaIe”  сарфароз гардонида шуд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҶоизаи озмуни “Рассомони муосири ҷаҳон”
Scroll to Top