Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷоизаи “Беҳтарин шарики иҷтимоӣ”

Рейтинг:   / 2
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 22 - октябри соли 2024  бо ибтикори Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, дар толори муассисаи мазкур дар фазои идонаву тантанавӣ “Рӯзи Иттифоқи касаба” ҷашн гирифта шуд, ки дар он  Даврон Зоҳидзода - муовини Раиси вилояти Суғд,  Маликшо Неъматзода - раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Абдуллозода Шарифулло Бобоҷон - раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, раисони кумитаи  иттифоқҳои касабаи вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, фаъолон, собиқадорони соҳа ва намояндагони  ташкилоту муассисаҳои мухталиф иштирок намуданд.

        Баъдан, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд,  Абдуллозода Шарифулло  иштирокчиёни чорабиниро  хайра мақдам ва табрику муборакбод намуд. Дар  баромади хеш изҳор дошт, ки дар асоси Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси меҳнат, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ба сифати шарики дар руҳияи баланди ватандӯстиву созандагӣ таҷлил  намуда истодаем, ки боиси ифтихор ва сарфарозист.

Сипас,  Даврон Зоҳидзода - муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда  ҳозиринро  ба муносибати таҷлили  “Рӯзи иттифоқи касаба”  муборакбод намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки иттифоқи касаба ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ буда, дар он шаҳрвандон аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти мухталиф барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии кормандон равона гардидааст, корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодаанд.

Баъдан, Маликшо Неъматзода - раиси  Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баромад намуда зикр намуд, ки тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, яъне ҳамасола  24 октябр   -   ҳамчун “Рӯзи  иттифоқи касаба” муқаррар гардидааст,  бо камоли эҳтиром дар ҷодаи фаъолияти пурсамари кормандони соҳаҳои мухталиф ҷашни соҳавиро таҷлил намуда истоданд, табрику муборакбод намуд. Ӯ дар баромади хеш ёдовар шуд, ки санаи 24 – октябри соли 2019 дар саҳифаҳои таърихи даврони истиқлоли Иттифоқи касабаи мустақили  Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим ба миён омад. Дар ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мулоқот баргузор намуда буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти мазкур иброз намуданд, ки: “Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.” Аз ҳамин лиҳоз, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вобаста ба ин рӯйдоди муҳим ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Рӯзи Иттифоқҳои касаба санаи 24 – октябр таҷлил карда шавад. Зикр намуд, ки Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конситутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳким ва рушди истиқлоли кишвар саҳми беандоза мегузорад.  

Ҳамзамон, дар фарҷоми чорабинии мазкур ҷиҳати қадрдонии фаъолияти пурсамари кормандони соҳаи касбу кори гуногун ва аъзоёни он ба муносибати” Рӯзи иттифоқи касаба” бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Иброҳимҷон Иброҳимов   барои ишғоли ҷойи- 1 дар озмуни “Беҳтарин шарики иҷтимоӣ”, бахшида ба “Соли 2024 - соли маърифати ҳуқуқӣ” бо дипломи дараҷаи – I  ва  нишонаи сарисинагии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз ва қадрдонӣ   карда шуд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҶоизаи “Беҳтарин шарики иҷтимоӣ”
Scroll to Top