Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи машварати кории кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихи “Қалъаи Хуҷанд”, намояндагони Раёсати адлияи вилояти Суғд Исозода Нозим ва Масрурзода Фирдавс ташриф фармуданд.

Сипас, оид ба эълон гардидани соли 2024  дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, намояндаи раёсати мазкур Исозода Нозим баромад ва суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ, масъулияти падару модарон, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоотӣ ҳуқуқӣ ва инчунин эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқиро дар бар мегирад, мухтасаран гуфта гузашт.

Сониян, дар навбати худ  Масрурзода Фирдавс баромад намуда ибрози ақида намуд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани ҳуҷҷатҳои саривақтӣ, ҳамоҳангсозии субъектҳои тарғибии ҳуқуқӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи қонун маълумоти мухтасар дод.

Бояд гуфт, ки гузаронидани  чунин вохӯри ин тадбирҳои саривақтӣ буда барои баланд бардоштани сатҳи маърифатии ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.

Дар фарҷоми вохӯри мубодилаи афкор ҷараён гирифта аз ҷониби намояндагони соҳаи мазкур ба пешниҳоди ҳозирин посухҳои мушаххас дода шуд.

Валӣ Набизод - котиби иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesБаланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ
Scroll to Top