Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоб - нигоҳдорандаи таърих

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз, рӯзи 4-сентяр ҳамчун “Рӯзи китоб” ҷашн гирифта мешавад. Ба ин хотир дар толори Қалъаи таърихии Хуҷанди  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар якҷоягӣ бо Осорхонаи миллии назди  Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Раёсати  фарҳанги мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба ифтихори ҷашни 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба “Рӯзи китоб”, таҳти унвони “Мероси хаттии тоҷикон” конфронси илмӣ баргузор гардид.

Сароғоз, конфронсияи илмиро бо сухани ифтитоҳи Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов оғоз намуда меҳмононро хайру мақдам ва ҳозиринро бо ин санаи фархунда табрику муборакбод  намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур Иброҳимзода Зафаршо Сафо- директори Осорхонаи миллии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидолим Комилҷон Саидмирзо - номзади илми филология, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ,

Мусоев Муҳаммадҷон Салоҳиддинович - сардори шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷумаи Осорхонаи миллӣ,  Фароғат Усмонова- мутахассиси пешбари маркази илмӣ - методии Раёсати фарҳангӣ МИҲД-и вилояти Суғд,  Баҳром Раҳматов - номзади илми филология, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва Даврон Исобоев - мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр иштирок ва маърӯза  намуданд.

Ҳамзамон дар ин чорабинии мазкур намояндагони Раёсати ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, китобхонаи оммавии вилояти ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, иттифоқи касабаи вилояти Суғд,  китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи донишкадаҳои олӣ, рӯзноманигорон ва ВАО иштирок намуданд.

Ёдовар шуд, ки зимни боздид бо буридани лентаи рамзӣ сайри намоиш оғоз гардидид. Меҳмонон ва иштирокчиён аз толорҳои намоишӣ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, зиёда аз 30 адад нусхаҳои нодири дастхат ва чопи сангие, ки фарогири мавзуъҳои гуногуни таърихӣ, ирфонӣ, адабӣ ва фиқҳи ҳанафӣ  ва инчунин намунаҳои мухталифи ҳунари хушнависӣ аз ашъори классикони форсу тоҷик, ки аз ҷониби хаттоти чирадасти тоҷик Комилҷон Саидолим китобат шудаанд, дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки вижагиҳои асосии осори ба намоиш гузошташуда пеш аз ҳама дар он аст, ки котибони нусхаҳои дастнавис аз минтақаҳои гуногуни ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, ба монанди Ҳисор, Нуробод, Файзобод, Рашт, Дарвоз, Яғноб, Хуҷанд, Исфара ва Қурғонтеппа мебошанд. Албатта, ин далели равшан ва раднопазири рушд ва ташаккулёбии ҳунари китобдориву китобнависи тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ маҳсуб меёбад.

Бале, аз китоб таърихи гузаштаи худро омӯхта аз тарзи ҳаёт ва зиндагӣ, расму оинҳо фарҳангу таърихӣ ниёгонамон баҳравар мегардем.

    Дар фарҷоми конфроси илмӣ аз фурсати муносиб истифода бурда намояндагони Раёсати иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд чанд нафар кормандони фаъоли муассисаи мазкур бо сипосномаҳо қадрдони намуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки толори намоиши мазкур тамоми рӯзҳо  дари худро  барои ҳаводорони илму дониш ва дӯстдорони китобу мероси хаттии ниёгон  ҳамеша кушодааст.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesКитоб - нигоҳдорандаи таърих
Scroll to Top