Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мусаввараи “Асри тиллоӣ”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Халқе, ки ба гузаштааш арҷ мегузорад, халқе, ки ҳофизаи қавии таърихӣ дорад, ҳатман осорхона бунёд мекунад.

                                                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯзҳо дар замони истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ ба осорхонаҳо ҳамчун махзани ҳифз ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро осорхона махзани моддӣ ва оинаи таърихи миллат аст.

Тармим ва барқарор гардидани “Қалъаи Хуҷанд ”, ки ҷузъи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, бозгӯи гуфтаҳои боло аст.

Толорҳои намоишии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” бо шукӯҳ ва шаҳомати худ, дили бинандаро ба ваҷҳ меорад ва чанд муддат инсонро аз ташвишҳои зиндагӣ дур намуда, ба дунёи зебогӣ ворид мегардонад. Толорҳои барҳаво, ки саршор аз нақшу нигори рангин, нигораҳои таърихию этнографӣ, мусаввараҳову созҳои мусиқӣ мебошад, диққати тамошобинро ба худ ҷалб менамояд.  Умуман, санъати тасвирӣ мӯъҷизаест, ки хаёлотро ба ҳайрат меорад ва ба кас таассуроти зиёд мебахшад. Санъати тасвирӣ ҳодисаҳои ҳаёти ичтимоиро инъикос намуда, ба онҳо баҳои муайян медиҳад ва аз ин ҷиҳат ҳамчун омили муҳими ташаккули идеали ичтимоию эстетикии давр ва тарбияи ғоявии ҷамъият хизмат мекунад.

Толори аввалин  толори “Ҳавзаи илмӣ адабии шаҳри Хуҷанд”  буда, бозгӯи ҳаёти олимону шоирони  Хуҷандшаҳр мебошад. Дар ин толор мусаввараи Арбоби шоистаи илму ҳунари Тоҷикистон, рассом ва пайкарасози машҳур Ғафурҷон Ҷӯраев бо ном “Асри тиллоӣ” мавҷуд аст.  Мусаввара дар рӯи матоъ (холст), бо рангҳои равғанин кашида шудааст. Ҳаҷми мусаввара 6 x 2 буда, мазмуни як асарро доро аст. Дар мобайни мусаввара нақши шоҳ Исмоили Сомонӣ, дар болои аспи сафед тасвир шудааст. Аслан аспи сафед рамзи рӯшноӣ, сулҳу субот ва осоиштагии кишварро нишон медиҳад. Дар пасманзараи асар нишонаҳои тамаддуни Ҳахоманишиҳо кашида шудааст, ки он марҳилаи аввали эҳёи тамаддуни тоҷикон мебошад. Инчунин, дар қисмати болои мусаввара, деворнигораҳои қасри Афросиёб, ки ба асрҳои VI-VII  тааллуқ дорад тасвир шудааст, ки марҳилаи дуюми эҳёи тамаддуни тоҷикон аст. Марҳилаи сеюм ин тасвир шудани шоҳи давлати Сомониён Исмоили Сомонӣ мебошад. Инчунин дар мобайн тасвир шудани шоҳ маънои онро дорад, ки агар шоҳ адолатпарвар, маорифпарвар бошад, дар гирду атрофи худ шахсиятҳои бузургро ҷамъ менамояд. Ҳамчунин дар ду тарафи асар шоирон аз қабили сардафтари адабиёти классикии форсу - тоҷик - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷалолуддини Румӣ ҳамроҳи писараш Султон Валад, инчунин, сармеъмори қасри Тоҷмаҳал Аҳмади Лоҳурӣ, ки аҷдодашон аз тоҷикон буд тасвир шудааст.

Гарчанде шоирони номбурда дар асрҳои гуногун ҳаёт ба сар бурда, фаъолият намуда бошанд ҳам, лекин аз нигоҳи рассом чун онҳо маъруфтарин намояндаи давраи худ ҳастанд, ба ҳам омадаанд. Боис ба зикр аст, ки ҳар як асари рассом дар тарбия кардани ахлоқу одоб, завқи эстетикӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоипарастии инсон кӯмаки ҷиддӣ мерасонад. Боварӣ бар он дорем, ки мусаввараи мазкур низ барои тарбияи насли наврас ва умуман тамоми тамошобинон қатрае аз баҳр мегардад ва завқи онҳоро ба илму адаб бештар мегардонад.

Саидова Дилоромхон – корманди илмии шӯъбаи таърих

 

 

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМусаввараи “Асри тиллоӣ”
Scroll to Top