Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ҳифзи миллат аст

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Таҳқиқи ҷиддии мероси гаронбаҳои гузаштаи тоҷикон, ёдгориҳои фарҳангӣ ва тарғиби суннатҳои мардумӣ вазифаи муҳимтарини намояндагони илму маориф, аҳли эҷод ва ҳамаи зиёиёни кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Муҳофизат ва гиромӣ доштани мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда расонидани онҳо вазифаи муҳими ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст, зеро хурдтарин осори гузашта метавонад қиммати баланди илмию таърихиро доро бошад.  Сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёдро ба ҳам васл менамояд. Ҳар як халқи ҷаҳон дар давраҳои муайяни таърихӣ бо дастовардҳои фарҳангии хеш ба тамаддуни умумибашарӣ саҳмгузорӣ намудааст ва халқи тоҷик, ҳамчун яке аз халқҳои куҳанбунёди Осиёи Марказӣ дар ин ҷода ҳиссаи арзанда ва мақоми хосаи худро дорост. Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдодони худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад. Бинобар ин он меросе, ки  дар шаклҳои моддӣ ва ғайримоддӣ аз гузаштагон ба мо расидааст сазовори ҳифз, омӯзиш, тармиму барқарорнамоӣ ва ба ояндагон дар шакли асл вогузор кардан мебошад. Воқеан ҳам омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар мебошад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳад, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ба мероси таърихию фарҳангии кишвари мо таваҷҷӯҳи хосса  зоҳир менамоянд.  Аз ин ҷост, ки истифодаи мероси таърихию фарҳангии кишвар дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши басо муҳим ва сазовор мегузорад. Имрӯз дар кишвар тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ вуҷуд доранд.

Шоистаи зикр аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмиллалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд. Ҳамасола дар паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ёдгориҳои таърихию фарҳангии худро  ҳифзу эҳё созем, омӯзем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Маҳз бо дастуру супоришҳои сарвари давлат аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонуну қарор, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал қабул гардид, ки ба ҳифзу эҳёи ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат намуд.

“Барномаи давлатии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки айни замон барои пешрафти кор дар ин самт нигаронида шудааст.

Ёдгорҳои фарҳангии Роҳи Абрешим бо пешниҳоди Тоҷикистон ба рӯйхати Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пазируфта шуд. Воқеан, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик, эътирофи Тоҷикикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, дорои таърихи зиёда аз 5500 сола ва шаҳрсозу давлатдор маҳсуб меёбад. Шоҳроҳи бузурги таърихии Абрешим, ки тавассути кишвари мо мегузарад дар долонҳои худ объектҳои таърихию фарҳангии сатҳи байналмиллалиро ғунҷонидааст. Аз ҷумла, дар долони “Зарафшон Қайроққум” 9 иншооти таърихию фарҳангӣ: “Панҷакенти Қадим”, “Шаҳраки Санҷаршоҳ”, “Шаҳраки Ҳисорак”, “Гардани Ҳисор”, “Қалъаи Муғ”, “Қум”, “Тали Хамтуда”, низоми обёрикунии “Токсанкорез” ва мақбараи “Хоҷа Муҳаммади Башоро”  ҷойгиранд. 

Ёдгориҳои мазкур ифодагари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад. Боиси тазаккур аси, ки танҳо дар соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳрасти фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, 10 адади дигар дар рӯйхати пешакии он ворид гардидааст. Ин буд, ки Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат Агентии ҳифзи меъроси таърихиву фарҳангӣ таъсис ёбад. 

Ҳадаф аз ин, густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин рушди саёҳӣ арзёбӣ мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қалъаи Хуҷанд ки дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, аз нав тармиму барқарор гардид. Барқарор гардидани чунин як иншооти таърихиву фарҳангӣ дар арафаи ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатӣ тӯҳфаи арзандае аст, барои халқи тоҷик.

Бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризм, ба Феҳрасти ЮНЕСКО

Ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони илмии осорхонаҳо ва нозирони ҳифзи ёдгории ҳар як шаҳру навоҳӣ  ба ҳисоб меравад.

Саидова Дилором - корманди илмии

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesҲифзи ёдгориҳои таърихӣ ҳифзи миллат аст
Scroll to Top