Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Озмуни “Шукуфаи истиқлол”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кӯдакон сарвати муҳимтарин, ояндаи неки имрӯзу фардои миллати кишвар мебошанд.Бо назардошти чунин муҳимият дар саросари кишвари азиз рӯзи 1-июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

Боиси ифтихор аст,ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,Раёсати фарҳанги вилоят ва китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ,озмуни вилоятии “Шукуфаҳои истиқлол” бо ғолибони даври аввали озмун бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар толори Коҳи “Суғдиён”-и маркази вилоят баргузор гардид.

  Гуфтан ҷоиз аст,ки дар ин ҷашни бошукӯҳ намояндагӣ аз  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок намуданд.

   Гуфтан ҷоиз аст,ки дар озмуни даврагӣ кӯдакони томактабии ноҳияҳои шаҳру вилоят бо қироати шеъру суруд дар васфи  ватан,модар ва сулҳу осоиштагӣ баромад намуданд.Дар натиҷаи хулосабарорӣ аз тарафи аъзоёни ҳакамон бо дипломи шоҳҷоиза кӯдакони шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуд.Инчунин ҷойи якум насиби кӯдакони шаҳри Хуҷанд,ҷойи дуюм шаҳрҳои Исфара ва Зафаробод,ҷойи сеюм шаҳрҳои Мастчоҳ,Бобоҷон Гафуров ва Бӯстон бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ  гардиданд.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони Коҳи “Суғдиён” баҳри хушболии дӯстрӯякон барномаи консерти бо сурудҳои ҷаззобу дилнишин баҳрашон тақдим гардид.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesОзмуни “Шукуфаи истиқлол”
Scroll to Top